Бо мақсади амалисозии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани завқи китобхонию китобдӯстии ҷавонон 30-юми марти соли 2023 Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии рӯзи “Дарҳои боз”-ро баргузор намуд.
Дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 156 нафар донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фориғ аз дарс дар ин чорабинӣ иштирок намуда, бо толорҳои Китобхонаи миллӣ аз наздик шинос шуданд. Бояд зикр кард, ки иқдоми мазкур барои боз ҳам баланд бардштани завқи ҷавонон ба китобдӯстӣ ва фарҳангсолорӣ саривақтист.
Мавриди зикр аст, ки то 31-уми марти соли 2023 чорабинӣ идома дошта, иштироки фаъолонаи донишҷӯён таъмин карда мешавад.