МАСЪАЛАИ МУҲИМ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

29-уми январи соли 2026 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Усулҳои донишазхудкунӣ, салоҳиятнокӣ ва истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим» баргузор гардид.

Конференсия дар доираи татбиқи ҳадафҳои эълон гардидани солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» баргузор шуда, ба баррасии масъалаҳои муҳимми ислоҳоти соҳаи илму маориф, рушди тафаккури зеҳнӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим бахшида шуд.

Нахуст конференсияро, директори Коллеҷ, н.и.ф., дотсент Зоир Ғафурӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ёдовар шуда, инчунин, таъкид кард, ки имрӯз масъалаи баланд бардоштани сифати таълим бидуни истифодаи усулҳои муосир, технологияҳои рақамӣ ва ташаккули салоҳиятҳои касбӣ ғайриимкон аст.

Дар идома директори Коллеҷ чунин ҳамоишҳои илмиро заминаи муҳим барои мубодилаи таҷриба, таҳкими ҳамкории илмӣ ва рушди неруи зеҳнии омӯзгорон арзёбӣ намуд.

Сипас, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Завқибек Саидов баромад намуда, аҳаммияти баргузории конференсияро дар ҳамоҳангсозии илмӣ, мутобиқсозии равандҳои таълим ба талаботи замон ва ворид намудани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ба низоми таҳсилоти миллӣ муҳим арзёбӣ кард.

Дар кори конференсия меҳмонон бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд. Аз ҷумла, Саидзода Низомуидин Тоҷиддин, н.и.п., дотсент, декани факултети психологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи «Банақшагирии таълими инноватсионӣ ҳамчун меҳвари рушди тафаккури зеҳнии хонандагон» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки банақшагирии дурусти раванди таълим метавонад заминаи ташаккули тафаккури эҷодӣ ва мустақили хонандагон гардад.

Ҳамчунин, н.и.п., дотсент, мудири кафедраи забонҳои Шарқи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Нуриддин Султонҳайдаров дар мавзуи «Истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди таълим: таҷрибаи ҷаҳонӣ ва таҷрибаи ватанӣ» баромад намуда, истифодаи зеҳни сунъиро яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани сифати таълим ва рақобатпазирии мутахассисон ҳисобид.

Дар идома, мудири кафедраи педагогика ва психологияи Коллеҷ Сазовор Набиев дар мавзуи «Нақши фаъолияти педагогии омӯзгор дар ташаккули салоҳиятҳо ва донишазхудкунии хонандагон» сухан гуфта, масъулияти касбӣ ва маҳорати омӯзгорро омили асосии рушди шахсияти хонандагон донист.

Маърузаҳои Дайхудо Ваҳдат Умеджон, Сафарова Оимгул ва Носирзода Шамсия низ ба масъалаҳои истифодаи усулҳои интерактивӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва усулҳои фаъоли таълим бахшида шуда, баромадкунандагон зарурати мутобиқсозии таълим ба талаботи ҷомеаи муосирро таъкид намуданд.

Дар доираи конференсия фаъолияти бахшҳои «Педагогика ва психология» ва «Математика ва информатика» роҳандозӣ гардида, дар онҳо даҳҳо маърузаи илмӣ доир ба таълими салоҳиятнок, ватандӯстӣ, рушди зеҳни сунъӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи технологияҳои муосир мавриди таҳилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Иштирокдорон таъкид намуданд, ки мавзуи конференсия дорои аҳаммияти баланди амалӣ буда, дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва ҷомеаи донишбунёд нақши муҳим мебозад. Конференсия ҳамчун майдони муҳими мубодилаи афкор, такмили донишу таҷриба ва таҳкими ҳамкории илмӣ ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.

Like0