Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 6-уми феврали соли 2026 бо иштироки директори таълимгоҳ, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло, сардори раёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Имомзода Изатулло ва кормандону донишҷӯёни муассиса ба муносибати ҷашни аҷдодии Сада чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Сада ‒ ҷашни мероси арзишманди ниёгон” баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи Коллеҷ аз ҷониби садоратони факултетҳо хони идонаи ҷашни Сада ороста шуд.
Директор Зоир Ғафурӣ ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ табрик намуда, чунин зикр кард: “Сада яке аз ҷашнҳои куҳантарину бузургтарини миллати тамаддунофари тоҷик ба ҳисоб рафта, он баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бо иқдомоти таърихию хизматҳои арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҷашнҳои бузурги тоҷикон – Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон дубора эҳё шуда, дар тамоми ҷумҳурӣ ҳамасола бошукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.”
– Агар ба таърихи ин ҷашн бо назари таҳқиқ назар кунем, дармеёбем, ки Сада дар саргаҳи ҷашнҳои миллии ниёгони тамаддунофари мо қарор дошта, кишоварзонро аз оғози омодагӣ ба киштукор, яъне тайёрӣ ба фасли баҳор хабар медиҳад. Ин ҷашн ҳамчун рамзи иттиҳодиву ягонагӣ, хуррамиву ободӣ ва сиҳатмандиву хушрӯзӣ барои мардуми мо аҳаммияти бузурги таърихию иҷтимоӣ дорад , – чунин изҳор дошт Зоир Ғафурӣ.
Дар идома, сардори раёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Имомзода Изатулло суханронӣ карда, дар бораи таърихи ҷашни аҷдодии Сада ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва эҳёи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла, Сада ибрози назар намуд.
Баъдан, аз ҷониби дастаи ҳунарии Коллеҷ ва ҳунармандони маъруфи кишвар барномаи хотирмони фарҳангӣ – фароғатӣ, ки фарогири суруду рақсҳои тоҷикона ва дигар бахшҳои рангин буд, дар сатҳи баланд пешниҳоди ҳозирин гардид.
Меҳмон ва ҳозирин ба рафти чорабинӣ баҳои баланд доданд.




















