Мудири кафедра: Маъруфшоҳи Ҳасани Аҳмадзода
Тел: (+992) 93-333-98-82
E-mail: maruf.hasanov.1991@mail.ru
Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик
Кафедра бо унвони “Кафедраи филология” соли 2000-ум дар Коллеҷи омӯзгорӣ таъсис ёфтааст. Аз соли 2000-ум то соли 2008 таълими фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони немисӣ, забон ва адабиёти рус ба ҳамин кафедра тааллуқ дошт.
Соли 2008 кафедра ба ду кафедраи мустақил –“Кафедраи филология” ва “Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик” ҷудо гардидааст.
Фаъолияти илмӣ – методии кафедра аз рӯйи ду равия ба роҳ монда шудааст: 1. Пажӯҳиши таърихи забон ва адабиёти тоҷик аз давраи бостон то имрӯз; 2. Таҳқиқи усулу методҳои таълими забон ва адабиёти тоҷик.
Ба кафедра ихтисоси 2-02 03 01 -Забон ва адабиёти тоҷик вобаста мебошад. Ҳоло мудири кафедра Маъруфшоҳи Ҳасан Аҳмадзода мебошад.
Бояд зикр кард, ки дар назди кафедраи забон ва адабиёти тоҷик як маҳфил таҳти унвони “Дӯстдорони сухан” фаъолият менамояд, ки дар он донишҷӯёни шеърфаҳму сухансанҷ ва донишманд завқу истеъдоди худро сайқал медиҳанд.