ДОНИШҶӮЁНИ МО – ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” бо ифтихорномаю мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар даври ноҳиявии ин озмуни бонуфуз муҳассилини Коллеҷи мо Файзулоева Анзурат, донишҷӯйи курси 1-уми факултети табиӣ-риёзӣ, педагогика ва психология аз рӯйи номинатсияи сарояндагии жанри эстрада сазовори ҷойи дуюм ва Файззода Сафина, донишҷӯйи курси 2-юми факултети забонҳои хориҷӣ аз рӯйи номинатсияи сарояндагии жанри анъанавӣ сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки раёсати Коллеҷ барои омода кардани кадрҳои соҳибистеъдод ва иштироки фаъолона дар рафти озмун бо сипосномаи раиси ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ карда шуд.

карда шуд.

Like0