БАРГУЗОРИИ ДАВРИ МУАССИСАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 17-уми феврали соли равон даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Завқибек Саидов, мудирони кафедраҳо ва 57 нафар довталаб иштирок намуданд.

Нахуст, Завқибек Саидов баромад карда, аз иқдомоти арзишманду таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” миёни ҳама қишри ҷомеа ва дастгирию ҳавасмандгардонии ғолибон онҳо ибрози назар кард.

Зикр гардид, ки маҳз бо ташаббус ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар фарҳанги китобхонӣ миёни ҷавонон густариш ёфта, бо ин восита ҷомеа ба омӯзиши китобҳои бадеию донишҳои муосир ҷалб карда шуданд.

Сипас, довталабон аз рӯйи номинатсияҳо тибқи талаботи низомномаи озмун ҳунару маҳорати худро ба намоиш гузоштанд. Иштирокчиён бо омодагии ҷиддӣ ва дониши фарох баромад намуданд.

Бояд қайд кард, ки бо дарназардошти шумораи зиёди довталабон даври муассисавии озмун идома дошта, дар рӯзҳои наздик аз натиҷаи он гузориши муфассал пешниҳод мегардад.

Like0