ТАВАҶҶУҲИ ДОВТАЛАБОН БА КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ АФЗУДА АСТ

ТАВАҶҶУҲИ ДОВТАЛАБОН БА КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ АФЗУДА АСТ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ 19-уми феврали соли 2026 – Рӯзи дарҳои кушода ҷиҳати такмил ва иҷрои нақшаи қабули донишҷӯёни заминаи синфи 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2026 баргузор гардид.

Дар Рӯзи дарҳои кушода довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ бо теъдоди беш аз 1600 нафар ба Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ омада, бо шароитҳои муосири таҳсил аз факултетҳо, кафедраҳо, синфхонаҳо, лабораторияҳо, китобхона, хобгоҳ, парки технологӣ ва дар маҷмуъ аз шароиту имкониятҳои мавҷудаи Коллеҷ шинос гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки меҳмонон ва намояндагон аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар чорабинии мазкур ширкат доштанд, ки баргузорӣ ва таъмини довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва тобеи марказро мунтазам назорат намуданд.

Меҳмонон, омӯзгорон ва довталабонро дар саҳни бинои асосии Коллеҷ роҳбарияти муассиса, муовинони директор оид ба корҳои таълимӣ, тарбиявӣ, илм ва робитаҳои байналмилалӣ, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва дигар масъулини сохторҳои Коллеҷ истиқбол гирифтанд.

Дар Коллеҷ фаъолият аз рӯйи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

– Таҳсилоти ибтидоӣ;

– Таҳсилоти томактабӣ;

– Забон ва адабиёти тоҷик;

– Забон ва адабиёти рус;

– Забони хориҷӣ (англисӣ);

– Забони хориҷӣ (олмонӣ);

– Таърих;

– Математика;

– Математика-информатика;

– Санъати тасвирӣ (ихтисоси иловагӣ);

– Технология (меҳ.техникӣ, нақшакашӣ);

– География;

– Биология;

– Забони хориҷӣ (англисӣ – русӣ);

– Забони хориҷӣ (хитоӣ);

– Биоэкология.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби комиссияи қабул ба ҳар як довталаб варақаҳои тарғиботӣ дар шакли буклет ва шумораи махсуси нашрияи “Шамъи рӯзгор”, ки муассиси он Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ мебошад, тақдим карда шуд.

Омӯзгорону масъулин ва довталабон баъди боздид ба шароити таҳсил дар Коллеҷ баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки ҳатман ин муассисаи бонуфузро интихоб хоҳанд кард.

Like0