Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 12-уми феврали соли 2026 ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат –таҷассумгари дурнамои рушди устувории кишвар” баргузор гардид, ки дар он Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, директори Коллеҷ, дотсент Зоир Саъдулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён, кормандон ва донишҷӯёни муассиса ширкат доштанд.
Директор Зоир Ғафурӣ чунин зикр кард: “Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамеша дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба соҳаи маорифу илм, ки дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мақоми шоистаю муҳимро касб менамояд, ҳамчун омили асосии пешрафт таваҷҷуҳи вижа зоҳир карда, рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллатро аз илму маорифи пешрафта вобаста донистанд.”
-Мо, раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни саодатманди Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва дастури роҳнамо сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, барои амалӣ кардани он ҳама дастуру ҳидоятҳои судманд ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳем, – изҳор дошт директори Коллеҷ Зоир Ғафурӣ.
Дар идома, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён аз дастгириву иқдомоти бузургу арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти маорифу илм, дастгирии наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароити шоиста ба забономӯзию донишандӯзии муҳассилин сухан гуфта, Паёми Пешвои миллатро дастури роҳнамо барои ҷомеа номид.
Баъдан, Шоири халқии Тоҷикистон, устод Муҳаммад Ғоиб аз хизматҳои бузургу мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, дар ситоиши Ватан, корномаи ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳифзи марзу буми давлатӣ шеърҳо қироат кард.
Дар охир, миёни иштирокчиён дар бораи бахшҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ табодули афкор сурат гирифт.














