ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТ
Илҳомов Муродҳусайн Исломович
Таҳсилот: олӣ
Ихтисос: омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ (касб): омӯзгор
Собиқаи умумии корӣ: 17 сол
Рақами телефон: +(992) 905-44-44-53
E.mail: murodhusain-4444@mail.ru
Факултети табиӣ-риёзӣ, педагогика ва психология
Факултети табиӣ-риёзӣ, педагогика ва психология соли 2015 таъсис ёфтааст, ки дар назди он имрӯз 3 кафедра – кафедраи педагогика ва психология, кафедраи математика – информатика ва кафедраи фанҳои табиӣ фаъолият доранд. Аввалин декани факултет М.Мирзоев буд. Ҳоло декани факултети табиӣ-риёзӣ, педагогика ва психология Илҳомов Муродҳусайн Исломович мебошад.
Дар факултет омӯзгорони ботаҷриба – профессорону дотсентон ва ассистентону муаллимони калон ба зиёда аз 800 донишҷӯ таълиму тарбия медиҳанд. Айни замон дар факултет ихтисосҳои зерин амал менамоянд:
- 2-010201 – таҳсилоти ибтидоӣ, (заминаи синфи 9 ва 11);
- 2-010101 – таҳсилоти томактабӣ (заминаи синфи 9 ва 11);
- 2-020301 – биология (заминаи синфи 9 ва 11);
- 2-030103 – санъати тасвирӣ (заминаи синфи 11);
- 2-020402 – география (заминаи синфи 9 ва 11);
- 2-02050302 – математика-информатика (заминаи синфи 11);
- 2-020501– математика (заминаи синфи 11);
- 2-02060102 – технология (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ) (заминаи синфи 11).