
номзади илмҳои филологӣ, дотсенгт
Раззоқӣ Шараф Саидмурод
Таҳсилот: олӣ
Ихтисос: забони хориҷӣ (англисӣ)
Тахассус (касб): омӯзгор
Собиқаи умумии корӣ аз рӯйи ихтисос: 14 сол
Рақами телефон: (+992)934547707
E.mail: sharafjon22@mail.ru
ФАЪОЛИЯТИ КАСБӢ:
Раззоқбердиев Шарафҷон Саидмуродович 23-уми феврали соли 1986 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.
Солҳои 2003 – 2008 донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси забони англисӣ. (Инчунин дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маълумоти дуюм, аз рӯи ихтисоси «молия» таҳсил карда истодааст)
Баъд аз хатми донишгоҳ, аз соли 2008 то 2011 ба ҳайси ассистенти кафедраи «Забонҳои хориҷӣ» – и Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон.
Солҳои 2011-12 ба ҳайси мутахассиси назди Кумитаи ҷавонон дар ш. Душанбе.
Аз моҳи соли 2014 то 2019 устоди кафедраи забонхои хориҷии дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.
Аз соли 2019 то 2020 корманди шӯъбаи робитахои байналмилалии Донишгохи давлатии молия ва иктисоди Тоҷикистон.
Аз соли 2020 то 2021 декани факултет дар Коллеҷи муҳандисию омузгории шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Аз соли 2021 то моҳи феврали соли 2023 муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Коллеҷи муҳандисию омузгории шахри Душанбе ва дотсенти кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мебошад.
Аз 20-уми феврали соли 2023 инҷониб муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Коллеҷи омузгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ. Аъзои ҲХДТ, аълочии маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ
Дар солҳои 2013-17 аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, буда соли 2019 аз рӯи ихтисоси 10-02-20 ( забони англисӣ) дар Шӯрои диссертатсионии Федератсияи Рассия ҳимоя намудааст. (номзади илмҳои филологӣ, дотснт)
Соли 2017 ба давлати Ҳиндустон шаҳри Деҳли барои таҳсил дар курси такмили ихтисос бо дастгирии барномаи ITEC ба донишгоҳи Хиндустон аз курси бозомӯзӣ бо муваффақият гузашт ва сазовори сертификат гардидааст. Дар якчанд конфронсҳои байналмиллалӣ аз он ҷумла дар давлатҳои Узбекистон, Туркия, Ҳиндустон иштирок намудааст.
Муаллифи китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, як дастури методӣ, монграфия ва зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ мебошад.