ТАҶЛИЛИ МУҲТАШАМИ ҶАШНИ НАВРӮЗ БО РИОЯИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 31-уми марти соли 2026 ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори муассиса, дотсент Зоир Ғафурӣ, сардори шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Давлатхон, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Сайлатиф, директори мактаби байналмилалии Президентӣ, номзади илмҳои фалсафа Муҳибулло Зувайдуллозода, намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Рустамзода Саёҳат, шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Покистон, омӯзгори фанни биологияи муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии президентӣ” дар шаҳри Душанбе Маҳмуд Анҷум ва шаҳрванди Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, забономӯзи ДБЗХТ ба номи С.Улуғзода Моли Кейт ширкат ва суханронӣ карданд.

Директори Коллеҷ, дотсент Зоир Ғафурӣ аз хизматҳои бузургу арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати байналмилалӣ гардонидани Наврӯзи оламафрӯз сухан гуфта, аз ҷумла, иброз дошт, ки Наврӯз бо ҷаҳонӣ шуданаш барои рушду робитаҳои фарҳангӣ, тақвияти ҳусни тафоҳуми миллатҳо, таҳкими сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмию ҳамдилӣ ва ривоҷи тамаддуни башарӣ имконоти бештаре фароҳам кардааст.

Зикр шуд, ки аз давраҳои бостонӣ миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик ҷашнҳои миллиро бо шукуҳу шаҳомати хосса ва бо риояи анъанаҳои хос таҷлил карда, онҳоро ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ насл ба насл интиқол медоданд. Аз ҷумла, ҷашни аҷдодии Наврӯзро, ки дар байни ориёиҳо тавлид ва ташаккул ёфтааст, на танҳо мо, тоҷикон, ҷашн мегирем, балки онро мардумони сайёра низ ҳамчун фасли эҳёи табиат таҷлил менамоянд. Ин эътирофи ҷаҳониён самараи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои эҳёю муаррифии ин ҷашни бостонӣ корҳои бузургу арзишманд ва мондагорро ба анҷом расонидаанд.

Дар базмгоҳи Наврӯзӣ бо ташаббуси садоратони факултетҳо ва донишҷӯёни онҳо анъанаву оини минтақаҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, инчунин хӯроку дастархони наврӯзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.

Баъдан, барномаи фарҳангии омоданамудаи қисми тарбияи Коллеҷ аз қабили суруду таронаҳои наврӯзӣ, бадеҳа, рақсҳои мавзун, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва намоишу мусобиқаҳои варзишӣ хотири ҳамагонро шод намуд.

Мавриди зикру ифтихор аст, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил гардида, як қатор омӯзгорону кормандон, садоратони факултетҳо ва кафедраҳо барои фаъолияти назаррас бо ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин, як гурӯҳ омӯзгорони Коллеҷ бо нишони “Аълочии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ” ва Ифтихорномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Like0