ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 23-юми феврали соли 2026 ба муносибати 33-умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он директори муассиса Ғафурӣ Зоир Саъдулло, собиқадорони соҳаи ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандону омӯзгорон ширкат варзиданд.

Директор, дотсент Зоир Ғафурӣ ҳозиринро ба муносибати ин санаи фархунда табрик намуда, изҳор дошт, ки Артиши миллӣ дар зери хаймаҳо таъсис ёфта, дар заминаи тадбирҳои пайваставу судманди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба як неруи тавонои низомӣ ва кафили сулҳу субот табдил шудааст.

Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ташкили Артиши миллиро аз рӯзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи худ қарор дода, зарурати ташкили Артиши миллиро ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 дар Қарори Шурои Олӣ «Дар бораи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба миён гузошта буд.

Дар идома, донишҷӯён аз суханҳои ибратбахши Пешвои муаззами миллат муҳтарам дар бораи Артиши миллӣ ва сарбозону афсарон ироа намуда, бо пешниҳоди барномаи хотирмони фарҳангӣ – фароғатӣ хотири ҳамагонро шод карданд. Илова ба ин, ҳунарпешаҳои маъруф бо пешниҳоди сурудҳои ватандӯстона чорабиниро ҳусни дигар бахшиданд.

Дар охир, аз ҷониби ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва раёсати Коллеҷ ба ғолибони озмунҳои муассисавӣ, кормандону омӯзгорон, инчунин, ба собиқадорони соҳаи ҳарбӣ, ки дар муассиса фаъолият мекунанд, ҳамчун рамзи эҳтиром ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Like0