ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ МОДАР ВА НАТИҶАГИРӢ АЗ ОЗМУН ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ МОДАР ВА НАТИҶАГИРӢ АЗ ОЗМУН ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Бахшида ба Рӯзи модар дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии идона ва бо ташаббуси факултети педагогика ва психология озмуни “Катбонуи беҳтарин” миёни донишҷӯдухтарони муассиса дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Директори муассиса, дотсент Зоир Ғафурӣ занон ва донишҷӯдухтарони Коллеҷро бо фарорасии Рӯзи модарон табрик гуфта, аз нақши онҳо дар таълиму тарбияи насли ояндасози миллат – наврасону ҷавонон ёдовар шуда, зикр кард, ки барои занону духтарон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит барои таҳсилу фаъолияти корӣ муҳайё карда шудаанд.

Зикр шуд, ки нахустин омӯзгори инсон модар аст. Зеро ҳар як сухан ва ҳар як амали модар дар қалби фарзандон таъсири амиқ гузошта, онҳоро дар ҷодаҳои пурпечутоби рӯзгор роҳнамоиву роҳкушоӣ мекунад. Боиси зикру ифтихори бузург аст, ки арҷгузорӣ ба зан – модар, ғамхориву дастгирӣ ба ин қишри муҳимми ҷомеа зери таваҷҷуҳи доимии сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бонувони саодатманди тоҷик дар ҷомеаи соҳибтамаддуну демократии мо мавқеи шоистаро касб кардаанд.

Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур аз рӯйи шартҳои зерин баргузор гардид:

– Суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зан-модар;

– Саломнома дар ситоиши модар;

– Қироти шеър дар васфи зан-модар;

– Рақси миллӣ;

– Печонидани кӯдак аз рӯйи анъанаҳои миллӣ;

– Хондани суруди “алла” бо овози зинда;

– Саҳначаи ҳаҷвӣ;

– Намоиши либосҳои миллӣ;

– Намоиши тарзи омода намудани таъомҳои миллӣ;

– Ороиши дастархон.

Баъдан, аз ҷониби дастаи ҳунарии Коллеҷ ва ҳунармандони маъруфи кишвар барномаи хотирмони фарҳангӣ – фароғатӣ, ки фарогири суруду рақсҳои тоҷикона ва дигар бахшҳои рангин буд, дар сатҳи баланд пешниҳоди ҳозирин гардид.

Like0