Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ таҳти унвони “Терроризм ва ифртгароӣ- зуҳуроти номатлуби замони муосир” баргузор гардид, ки дар он директори Коллеҷ, н.и.ф., дотсент Ғафурӣ Зоир, прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, тероризм ва киберҷиноятҳои Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимҷон Абдуллозода, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Шоймардон Тағоймуродов ва мудири бахши коро бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Анӯшервон Исматов ширкат ва суханронӣ карданд.
Директори Коллеҷ, дотсент Зоир Ғафурӣ баромад намуда, изҳор дошт, ки терроризм яке аз хатарҳои ҷиддии ҷаҳонӣ мебошад, ки суботи ҷомеа ва амнияти шаҳрвандонро зери таҳдид қарор медиҳад. Ҷавонон яке аз гурӯҳҳои осебпазир ҳастанд, ки метавонанд ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтида, ба фаъолияти террористӣ ҷалб шаванд. Аз ин рӯ, пешгирии терроризм дар байни ҷавонон масъалаи муҳим ва тақозои ҷомеаи муосир мебошад.
– Мо, миллати хуштолеъ ва хушбахтем, ки бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳоноти сангини таърих сарбаландона гузашта, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари ташаббускору соҳибистиқлол мавқеи намоён дорем. Президенти кишвар ҳамеша дар мулоқотҳои хеш ҷомеаи моро ба худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳимояи марзу буми давлатӣ даъват менамоянд, – чунин зикр кард директори Коллеҷ.
Сипас, прокурор Абдуллозода Азимҷон дар бораи зуҳуроти номатлуб ҷаҳони муосир – терроризму экстремизм сухан гуфта, ҷавононро ба зиракии сиёсӣ, худшиносию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи марзу буми давлатӣ ҳидоят кард.
Баъдан, Шоймардон Тағоймуродов дар хусуси таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба тафаккури ҷавонон, муборизаҳои иттилоотӣ, терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа сухан гуфта, изҳор дошт, ки барои аз байн бурдани ин падидаҳои хатарнок ҳама бояд якдилона мубориза ва саҳмгузор бошем.
Дар охир, миёни ҳозирин ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба масъалаи баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифт.











