Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 28-уми феврали соли 2026 даври дохилимуассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид, ки дар он муовинони директор оид ба тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалӣ, мудири шуъбаи тарбия, декани факултети филология ва таърих, аъзои ҳакамон ва донишҷӯёни соҳибистеъдод ширкат доштанд.
Дар ҷараёни озмун донишҷӯён маҳорати ҳунарии худро бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона ва навохтани асбобҳои мусиқӣ намоиш дода, фазои фарҳангиву идонаро фароҳам оварданд. Ҳайати ҳакамон ба сатҳи иҷро, маҳорати саҳнавӣ ва интихоби репертуар баҳои сазовор доданд.
Дар фарҷом, беҳтарин иштирокчиён барои иштирок дар даври навбатии озмун пешниҳод гардида, ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.











