ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ КОЛЛЕҶ БО МАСЪУЛИНИ ЛОИҲАИ “БИЁ, ҲАМРОҲ ОМӮЗЕМ”

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим тайи чанд сол мешавад, ки Лоиҳаи USAID «Биё, ҳамроҳ омӯзем» бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ҳамкориҳои зичро роҳандозӣ намудааст.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2024 аз тарафи ин Лоиҳа маводи таълимию методӣ барои омода кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ дар ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ дастраси муассисаҳо гардонида буд ва ин мавод дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар раванди дарсҳои ихтисосҳои мазкур мавриди истифода қарор дода шуданд.

Инчунин, 30-юми апрели соли 2025 ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба бо Лоиҳаи USAID «Биё, ҳамроҳ омӯзем» бо масъулини лоиҳаи мазкур мулоқоти судманд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони ҳарду ҷониб иштирок карда, доир ба баррасии натиҷаи тадриси маводи таълимии аз ҷониби Лоиҳа ба Коллеҷ пешниҳодгардида табодули афкор карданд.

Дар ин замина, Лоиҳаи мазкур барои фаъолияти хуби омӯзгорон дарсдиҳанда дар ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ ба муассиса 18 планшет бо рӯйпӯши тақдим намуд.

Все реакции:

30Вы, Firdavs Qayumzoda, Malika Rajabova и ещё 27

Like0