ҶАЛАСА БАРОИ ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН БА КОР

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони ҷавон дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 29-уми апрели соли 2025 тақсимоти мутахассисони ҷавон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Назарзода Давлатхон, сардори шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Завқибек Саидов, муовини директор оид ба таълими Коллеҷ, Шоҳиддин Наҷмуддинов, сардори раёсати кадрҳои Коллеҷ, Самиев Ҷумахон, сардори шуъбаи кадрҳои сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Давлатшозода Дилшод, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, котибот ва корҳои махсуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва

намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ ширкат ва суханронӣ карданд.

Зикр шуд, ки раёсати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ ҷиҳати иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” ва таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон пайваста корҳои амалиро ба роҳ мемонанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло Коллеҷ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мақоми хоса дорад ва тибқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар заминаи синфи 9 ва 11 аз рӯйи 15 ихтисоси дар самти омӯзгорӣ ва 1 ихтисоси дар самти мураббияҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мутахасисонро омода менамояд.

Like0