ҚАДРДОНИИ ҶОИЗАДОРОН ВА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ДАР ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ 2-юми майи соли 2025 чорабинии тантанавӣ барои ҳавасманд гардонидани ғолибони Стипендияи Президентӣ, Ҷоиза ва Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, ҷоизадорони Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва ғолибони даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки донишҷӯйи Коллеҷ барандаи Стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2024-2025 гардид. Илова ба ин, бахшида ба Рӯзи пойтахт ду корманд сазовори Ҷоизаю Стипендия барои муҳаққиқон ва се донишҷӯйи Коллеҷ, ки дар озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ғолибият ба даст оварданд, қадрдонӣ шуданд:

1. Тоирзода Абдусалом, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, барандаи Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон аз номинатсияи адабиёт;

2. Ҳакимов Салоҳиддин, омӯзгори кафедраи педагогика ва психология, дорандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе;

3. Назарова Ҳалима, донишҷӯи факултети филология ва таърих, барандаи Стипендияи Президентӣ;

4. Мирзоев Исмоил, донишҷӯи факултети забонҳои хориҷӣ, барандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе;

5. Салимова Ганҷина, донишҷӯи факултети забонҳои хориҷӣ, барандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе;

6. Кабирова Фотима, донишҷӯи факултети табиӣ, риёзӣ, педагогика ва психология, барандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе.

Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти муассиса барои пирӯзӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ донишҷӯён ва роҳбарону волидайни онҳоро бо ифтихорномаю мукофотпулӣ сарфароз гардонид:

1. Ахмедова Хуршеда, донишҷӯи факултети филология ва таърих, ғолиби ҷойи якум аз фанни забон ва адабиёти тоҷик (мукофот: донишҷӯ – 2000 сомонӣ ва роҳбар – 2000 сомонӣ);

2. Қурбонова Марҷона, донишҷӯи факултети забонҳои хориҷӣ, ғолиби ҷойи якум аз фанни забони англисӣ (мукофот: донишҷӯ – 2000 сомонӣ ва роҳбар 2000 сомонӣ);

3. Абдуллозода Бибиоиша, донишҷӯи факултети забонҳои хориҷӣ, ҷойи ифтихорӣ аз фанни забони русӣ (мукофот: донишҷӯ – 1000 сомонӣ ва роҳбар 1000 сомонӣ);

4. Шабнами Фирузхон – донишҷӯи факултети филология ва таърих, аз фанни таърихи халқи тоҷик (мукофот: донишҷӯ -500 сомонӣ ва роҳбар – 500 сомонӣ);

Лозим ба ёдоварист, ки дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ду нафар донишҷӯйи Коллеҷ сазовори ҷойи дуюм гардида, ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд. Имрӯз, роҳбарияти муассиса ғолибони озмуни мазкур ва волидайни онҳоро қадрдонӣ кард:

1. Файззода Сафина, донишҷӯи факултети забонҳои хориҷӣ, ғолиби даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»,

2. Файзуллоева Анзурат, донишҷӯи факултети табиӣ, риёзӣ, педагогика ва психология, ғолиби даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман».

Бояд қайд кард, ки Байдуллоев Аъзам, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Коллеҷ барои фаъолияти натиҷабахш бо ифтихорнома ва мукофотпулии раёсати муассиса сарфароз гардонида шуд.

Like0