БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди касбияти омӯзгорон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, ҳамзамон, иҷрои талаботҳои “Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044”, “Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044”, иҷрои супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки санаи 23.01.2026 дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзёбии сифати таҳсилот дар мамлакат дастур доданд, инчунин дар доираи омодабошии ҳайати омӯзгорон ба нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025–2026 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ семинари омӯзишӣ баргузор карда шуд.

Дар семинари мазкур муовинони директор, садоратони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарони шуъбаву бахшҳо ва омӯзгорони Коллеҷ иштироки фаъолона намуданд.

Зимни баргузории семинар омӯзгорони соҳибтаҷриба вобаста ба равияҳо ва тахассусҳои гуногун баромад намуда, аз таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ, усулҳои муосири таълим, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии дарс ва тақвияти маҳорати касбӣ андешаронӣ карданд. Баромадҳо бо муҳтавои амиқи илмӣ – амалӣ сурат гирифта, ба ҳозирин ғизои маънавӣ бахшиданд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ дар баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар соҳаи маориф нақши муҳим дошта, заминаи боэътимод барои таъмини таҳсилоти босифат фароҳам меорад.

Like2