Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 17-уми апрели соли 2025 аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии PISA сатҳи дониши донишҷӯёни бахши якуми заминаи синфи 9 аз фанҳои математика, хониш ва фанҳои табиӣ санҷиш гузаронида шуд, ки ин дар Коллеҷ бори аввал сурат гирифт.
Дар гузаронидани санҷиш шахсони масъули Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ташкилоти мазкурро ҳамроҳӣ намуданд.
Аз натиҷаи санҷиш намояндагон қонеъ гардида, донишҷӯён – иштирокчиёни санҷишро бо туҳфаҳои хотирмони ташкилот сарфароз гардониданд. Мавриди зикр аст, ки барои иштироки фаъолона дар таҳқиқоти байналмилалии PISA – 2025 Коллеҷро бо диплом ташкилоти байналмилалии PISA қадрдонӣ карданд.




