ПАНҶ НАФАР КОРМАНД ВА ДОНИШҶӮЙИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ БАРАНДАИ ҶОИЗА ВА СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲР ГАРДИДАНД
Ҳамасола бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри рушд додани тафаккури зеҳнӣ ва сайқал бахшидани маҳорату малака ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, инчунин дастгирии онҳо озмунҳои гуногуни маърифатӣ ва илмиву эҷодӣ ташкил ва баргузор карда шуда, ғолибон дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки имсол Рӯзи пойтахт ба 19-уми апрел рост омад, ки дар ин чорабинии бонуфуз ба он муносибат ду корманд сазовори ҷоизаю стипендия барои муҳаққиқон ва се донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе иштирок карда, ғолибият ба даст оварданд, бо Стипендия ва шаҳодтаномаи он қадрдонӣ гардиданд.
Бо ифтихор зикр мекунем, ки ғолибон аз Коллеҷи мо нафарони зерин ҳастанд:
1. Тоирзода Абдусаломи Раҳим н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик барандаи Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳақиқони ҷавон дар самти адабиёт;
2 Ҳакимов Силоҳиддин Ғуломовиҷ, муаллими калони кафедраи педагогика ва психалогия, барандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон;
3. Кабирова Фотима Пирмуродовна, донишҷӯи курси 4 –уми факултети табии риёзӣ ва педагогика психалогия, барандаи Стипендияи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои донишҷӯён;
4. Салимова Ганҷина Сафаралиевна, донишҷӯйи курси 2 – юми факултети забонҳои хориҷӣ барандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои донишҷӯён;
5. Мирзоев Исмоил Музаффарович донишҷӯи курси 2 – юми факултети забонҳои хориҷӣ барандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои донишҷӯён;
Дастовардҳои бузургу таърихӣ муборакамон бошад!




