Бо иқдоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 17-ум ва 18-уми апрели соли 2025 дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара олипиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ ва таърих баргузор шуд, ки дар он дастаи олимпии Коллеҷи мо сазовори се ҷойи намоён (дуто ҷойи аввал (аз фанҳои забони ва адабиёти тоҷик ва забони англисӣ) ва як ҷойи ифтихорӣ (аз фанни забон ва адабиёти рус) гардиданд.
Бо мақсади натиҷагирӣ аз ин олимпиадаи сатҳи баланд ва омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ 21-уми апрели соли 2025 ҷаласаи назди директори Коллеҷ, дотсент Зоир Ғафурӣ бо ҳайати раёсат баргузор шуд.
Директори Коллеҷ Зоир Ғафурӣ аз дастовардҳои пай дар пайи донишҷӯёни муассиса изҳори хушнудӣ карда, ба масъулин, ғолибон ва роҳбарони онҳо барои омодагиҳои ҷиддию музаффариятҳояшон сипосгузорӣ намуд.
Дар идома, зикр шуд, ки бояд донишҷӯён бо истифода аз шароитҳои мавҷуда барои ширкат дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҳамарӯза омодагӣ дида, ба дастовардҳои арзишманд ноил шаванд. Вобаста ба ин, масъулин вазифдоранд, ки чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомёфта мунтазам ба раёсати Коллеҷ ҳисобот пешниҳод кунанд.
Роҳбари муассиса деканони факултетҳо ва дигар масъулонро барои тайёр кардани донишҷӯёни фаъолу соҳибистеъдод ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ вазифадор карда, дастуру супоришҳои мушаххас дод.




