Дар байни пойтахтҳои давлатҳои ҷаҳон, Душанбе ҳамчун шаҳри зебоманзар, ки дорои хиёбону гулгаштҳои фарох, боғҳои ҳамешасабз, баландошёнаҳои хуштарҳу замонавӣ, пайроҳаҳои махмалину шукуфон, коху қасрҳои миллӣ, биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва фаввораҳои дилрабо мебошад, ҷойгоҳи шоистаро ишғол мекунад. Бо дидани ин ҳама зебоиҳои нотакрори Душанбешаҳр мо, тоҷикони тамаддунофар ҳазорон сипос мегӯем, ки соҳибистиқлолу соҳибдавлат буда, дар чунин шаҳри ҷавонию ормонҳо ва зебову ободу озод зиндагӣ дорем.
Баробари ба майдони сиёсат ворид шудани Пешвои хирадоини миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст пеши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифта шуда, бо иқдоми ин абармард Душанбешаҳр давра ба давра рушд ёфта, корҳои бунёдкорӣ дар он густариш пайдо кард. Аз ин рӯ, метавон бо ифтихор гуфт, ки нақши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шукуфоии кишвар хусусан, Душанбеи ҳамешабаҳор тавассути таъсис, ободонӣ ва сарсабз гардонидани гулгаштҳо ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ бузург аст. Оре, имрӯз шаҳри Душанбе бо иқдомоти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарии Раиси ҷавону ободкори он муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қатори беҳтарину зеботарин пойтахтҳои ҷаҳон қарор дорад.
Бояд қайд кард, ки дар рушду тараққӣ ва ободонии пойтахти тоҷикон ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ беназир ва шоистаи таҳсин мебошад. Диди нек, назари нек ва пиндори нек Рустами Эмомалиро ба оламиён чун ҷавонтарин шаҳрдори муваффақ муаррифӣ намуд. Таърих бо ҳарфҳои тиллоӣ дарҷ карда, ки санги асоси бозсозии Душанбешаҳрро дар даврони соҳибиистиқлолӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд. Сохтмони боғҳои фарҳангӣ ва гулгашту хиёбонҳои ҳамешасабз дастурҳои созандаи Сарвари давлат буда, шаҳрдори ободкор Рустами Эмомалӣ он ҳамаро дар амал татбиқ карданд. Имрӯз Душанбе ба мулки таърих чун шаҳри ҳамешасабзу гулҳо дохил шудааст.
Давоми чанд соли охир дар пойтахт Боғи парчами миллӣ, Боғи Нишони давлатӣ, Боғи Ирам, Боғи устод Рӯдакӣ, боғҳои Сомон, Куруши Кабир, Хайём, Аҳмади Дониш, Наврӯзгоњ, Восеъ, Ҷавонон, Кӯли ҷавонон, кӯли Душанбе, Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, Алишери Навоӣ, Ғалаба, боғи кӯдакон ва ҳамаи кӯчаву хиёбонҳои он ободу зебо гардонда шуда, ба мавзеъҳои сайру гашти сокинону сайёҳон табдил ёфтаанд. Аз ин ҷост, ки пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои бузургу назаррас ноил гардида, ба ҳайси даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини ҷаҳон ворид шуд ва макони баргузории бузургтарин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию конференсияҳои сатҳи баланд гашт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши пойтахти тоҷикон Душанбешаҳр чунин изҳор доштаанд: “Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дорад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки ба номи Ватан ва пойтахти он – шаҳри Душанбе ифтихор дошта бошад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад”. Оре, воқеан ҳам, ин шаҳри ҷавонӣ боиси ифтихору сарфарозии ҳар як сокини саодатманди ин диёри куҳанбунёд мебошад.
Бо итминону ифтихор метавон гуфт, ки ояндаи Душанбешаҳр бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарии Раиси ободкори он муҳтарам Рустами Эмомалӣ дурахшон аст.
Зоир ҒАФУРӢ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ.