17-уми апрели соли 2025 бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмию амалии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён зери унвони “Рақамикунонии раванди илмомӯзӣ бо истифода аз усулҳои муосири таълим” баргузор гардид, ки дар он ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷ ва устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок намуданд.
Муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Аъзам Байдуллоев баромад намуда, аз нақши бузургу мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.
Зикр шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқоту суханрониҳои худ ба аҳли зиёии мамлакат нисбат ба илму таҳсилот таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, раёсати Коллеҷ дар пайравӣ бо иқдомоти наҷиби Пешвои миллат тасмим гирифтааст, ки дар ҳафтаи илм конфренсияи илмиро бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии омӯзгорону муҳассилин баргузор намоянд.
Конференсия кори худро дар бахшҳо идома бахшида, баромадкунандагон масъалаҳои муҳимтариниро мавриди таҳлил қарор доданд.




