Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 17-ум ва 18-уми апрели соли 2025 дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара олипиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ ва таърих баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи даври ниҳоии олимпиада Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода роҷеъ ба ҳадафҳои озмун, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аҳаммияти касбомӯзӣ дар шароити муосир ибрози назар намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин олимпиадаи бонуфуз дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолона ширкат варзиданд. Дар натиҷа, Қурбонова Марҷона, донишҷӯйи курси 4-уми ихтисоси забони англисӣ – русии факултети забонҳои хориҷӣ таҳти роҳбарии омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷӣ Қодирова Зиёда аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи аввал, Ахмедзода Хуршеда, донишҷӯйи курси курси 4-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети филология ва таърих, таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Мерганзода Манучеҳр аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойи аввал ва Абдуллозода Оиша, донишҷӯйи курси 4-уми ихтисоси англисӣ – русии факултети забонҳои хориҷӣ аз фанни забон ва адабиёти рус таҳти роҳбарии омӯзгори калони кафедраи забон ва адабиёти рус Сафарова Ойимгул сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, бо диплому ҷом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумита сарфароз гардонида шуданд.
Бояд зикр кард, ки даври якуми олимпиада моҳи март дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки беш аз 5500 донишҷӯ баргузор шуд. Ба даври ниҳоӣ 322 ғолиби ҷойи 1-ум аз 85 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳ ёфт.
Олимпиада бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, мақсади он тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад.




