Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 31-уми марти соли 2023 ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, дур будан аз фарҳанги бегона ва нагаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ бо ҳайати васеи донишҷӯён мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Ғафурӣ Зоир Саъдулло, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Саида Нурляминзода ва намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашуров ширкат намуданд.
Нахуст Нурляминзода Саида доир ба баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии ҷавонон сухан гуфта, чунин таъкид кард: “Шумо ҷавонони саодатманди даврони Истиқлолро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз замони осудагии кишвар бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсили худро ба сомон расонида, дар оянда аз пайи тарбияи насли наврасу ҷавон шавед. Боиси зикру ифтихор аст, ки имрӯз дар партави сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити зарурӣ барои таҳсил фароҳам оварда шудааст.”
Дар идома Алиназар Ашуров суханронӣ намуда, доир ба тамоми самти фаъолияти хатарзои гуруҳҳои террористиву экстремистӣ маълумоти муфассал дод. Фазои имрӯзаи сулҳу суботи кишвари азиззамон – Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои минтақа муқоиса намуда, иброз дошт, ки бо шукргузори аз сиёсати Пешвои муаззами миллат ва даврони Истиқлол имрӯз Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои амнтарин мубаддал гардидааст ва онро ҳамчун давлати амну ташаббускор дар сатҳи ҷаҳон мешиносанду эътироф мекунанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ватандӯстро зарур аст, ки мероси ниёгонро ҳифз кунад ва монанди бузургони гузаштаи мо, ки барои ҳимояи номус, марзу бум ва якпорчагии марзу буми Ватан ҷонбозиҳо кардаанд, идомадиҳандаи амалҳои накуяшон бошад ва барои ҳимояи меҳан тамоми донишу маҳорат ва малакаи худро сарф намояд.
Дар интиҳо директори Коллеҷи омӯзгорӣ Зоир Ғафурӣ баромад намуда, чунин зикр кард: “Замони имрӯз, ки даврони иттилоот аст, аз ҳар инсон эҳтиёткорӣ ва зиракии сиёсиро талаб менамояд. Бинобар ин, ҷавононро мебояд, зиракии сиёсиро аз даст надода, аз мактаби сиёсат, ҷасорат, мардонагӣ ва тарбиявии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи зиндагӣ омӯхта, онро дар ҳаёти худ истифода намоянд.”
Дар фарҷом директори таълимгоҳ бо як шеъри шоири ватансаро Муҳаммад Ғоиб, ки саршор аз меҳру муҳаббати Ватан буд, сухани худро ҳусни анҷом бахшид.