Бо мақсади тарғибу ташвиқи пешниҳоди панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21-уми март ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона қабул гардидааст, бо ташаббусу дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳо озмуни тасвири мусаввараи беҳтарин, пиряхҳо, манзараи зебо, шаршара, таълифи мақолаҳои илмиву оммавӣ дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо ва роликҳои тарғиботии беҳтарин роҳандозӣ гардидааст.
Ҷиҳати иҷрои ин дастур 30-юми марти соли 2023 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ озмуни “Тасвири беҳтарин” миёни донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ баргузор гардид.
Дар кори озмун муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои байналмилалӣ Шарафҷон Раззоқбердиев, роҳбари бахши идоракунии сифати таҳсилот Мастура Қосимова, декани факултети забонҳои хориҷӣ Исомиддин Нозимов, мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ Музайяна Мустафоева ва ҳайати донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ ширкат намуданд.
Муовини директор озмунро ҳусни оғоз бахшида, доир ба муҳимияти ин чорабинӣ ибрози андеша намуда, чунин изҳор дошт: “Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки аз ҷониби созмони бонуфузи ҷаҳонӣ – СММ ва ҷомеаи ҷаҳон пешниҳоди панҷуми Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо пазируфта шуд.”
Дар идома аз ҷониби иштирокчиён доир ба пиряхҳо ва роҳҳои ҳифзи онҳо маълумотҳои муфассал дода шуда, расмҳои тасвирнамудаи довталабон пешниҳоди аъзои ҳакамон гардид.
Дар охир аз ҷониби садорати факултети забонҳои хориҷӣ ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.