ҲАШАРИ ДАСТАҶАЪМОНА ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳаллу соҳилҳо, ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои Душанбешаҳр 25 марти соли 2023 бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ шанбегӣ баргузор гардид.
Лозим ба зикр аст, ки мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ минбаъд низ бо ширкати васеи устодону донишҷӯёни Коллеҷ шанбегиҳо баргузор карда мешавад.

Like0