Директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ номзади илмҳои филология, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Шоҳиддин Наҷмиддинов ва декани факултети табиӣ-риёзӣ, педагогика ва психология Муродҳусайн Илҳомов, барои хизматҳои бисёрсола дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуданд.
Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Довуд Ализода дар чорабинии бахшида ба ҷашни Наврӯз ба устодон нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» -ро тақдим намуд.
Устодони арҷмандро барои ноил шудан ба ин дастоварди арзишманд, ки самараи заҳматҳояшон дар соҳаи маориф ва илм аст, самимона табрик намуда, барояшон дар ҷодаи илм ва фаъолият комёбиҳои беназирро таманно менамоем.
Муборак бошад!