ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ НАВРӮЗ БО РИОЯИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

18-уми марти соли 2023 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Довуд Ализода, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, профессор Жило Гулназарзода, рӯзноманигор ва муаллифи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”-и Телевизиони”Тоҷикистон” Фатҳиддини Замон, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик Ҷамшеди Ҳалим, узви Иттифоқи навистандагони Тоҷикистон Нурмат Шамсов ва як қатор меҳмонони дигар ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз” баргузор гардид.
Чорабиниро директори Коллеҷ, дотсент Зоир Ғафурӣ ҳусни оғоз бахшида, аз хизматҳои бузургу шоёни Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати байналмилалӣ гардонидани Наврӯзи оламафрӯз сухан гуфта, аз ҷумла, иброз дошт, ки бо шукргузорӣ аз замони Истиқлоли давлатӣ ҳамасола Нарӯзи аҷам дар фазои сулҳу субот ва тантана ҷашн гирифта мешавад ва ин аз соҳибтамаддун будани миллати куҳанбунёди тоҷик дарак медиҳад.
Зикр шуд, ки Наврӯзи имсола ба боз ҳам фарогиру вусъатмандтар гардидани фаъолияти аҳли Коллеҷ, ба ободу зеботар гардидани он, ба оғози азму ирода ва корҳову ниятҳои неки навин мусоидат хоҳад кард. Ба шарофати ҷашни Наврӯзи оламафрӯз нақшаҳои зиёд баҳри пешрафти маърифатгоҳ ва нуфузу эътибори тоза пайдо кардани он бомуваффақият амалӣ хоҳанд гашт.
Дар идома шоири маъруфи тоҷик Муҳаммад Ғоиб ҳамагонро ба Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта, аз эҷодиёти ватансароёнаву баҳориву наврӯзии худ ба ҳозирин шеърҳо ироа намуд. Инчунин, шоир Нурмат Шамсов дар осори хеш бахшида ба ҷашни Наврӯз шеър қироат кард.
Дар базмгоҳи Наврӯзӣ бо ташаббуси садоратони факултетҳо ва донишҷӯёни онҳо анъанаву оини минтақаҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, инчунин хӯроку дастархони наврӯзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.
Сипас, барномаи фарҳангии омоданамудаи қисми тарбияи Коллеҷ аз қабили суруду таронаҳои наврӯзӣ, бадеҳа, рақсҳои мавзун, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва намоишу мусобиқаҳои варзишӣ хотири ҳамагонро шод намуд.
Ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик Ҷамшеди Ҳалим низ барои болидахотирии ҳамагон ҳунарнамоӣ карда, ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.
Мавриди зикру ифтихор аст, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил гардида, як қатор омӯзгорону кормандон, садоратони факултетҳо ва кафедраҳо барои фаъолияти назаррас бо ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Like0