ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ КУРСҲОИ ЗАБОНОМӮЗӢ ВА ДАСТГИРИИ ДОНИШҶӮЁНИ ЭҲТИЁҶМАНД АЗ ҶОНИБИ РАЁСАТИ КОЛЛЕҶ

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 14-уми марти соли 2023 Парки технологӣ ба фаъолият шуруъ кард.
Раёсати Коллеҷи омӯзгорӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ки минбаъд аз ҳисоби Парки технологӣ ба донишҷӯён ятиму маъюбони дар хобгоҳи Коллеҷ истиқоматкунанда ҳамарӯза хӯроки яквақтаинаи ройгон диҳад.
Дар асоси дастури раёсати Коллеҷ ин иқдом шуруъ аз 15-уми марти соли 2023 оғоз гардида, донишҷӯёни зикршуда метавонанд аз ин имконот истифода баранд.
Директори Коллеҷ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло зимни суҳбат ба нафарони имконияти маҳдуддошта ва ятимони кул иброз дошт, ки бо амри тақдир имрӯз шумо аз падару модар ва ё ягон узви худ маҳрум мондаед. Аз ин рӯ, раёсати Коллеҷ дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар доираи имконот шуморо дастгирӣ намояд ва шуморо зарур аст, то ҷавобан ба ин бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ муассисаро хатм намуда, барои соҳаи маориф ва халқи худ содиқона хизмат намоед.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳамин рӯз дар назди Парки технологӣ курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ бо ҷалби омӯзгорону устодони варзида ба фаъолият шуруъ кард, ки он баҳри рушди забономӯзии донишҷӯёни муассиса ва берун аз он равона карда шудааст.
Ҳадаф аз таъсиси курсҳои забономӯзӣ ин татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва наглисӣ барои давраи то соли 2030” мебошад.

Like0

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *