Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи шурои кураторон баргузор гардид, ки дар он директори муассиса, дотсент Зоир Ғафурӣ, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Муродҳусайн Илҳомов, раиси шуро Ситора Шодиева, деканони факултетҳо ва кураторони гурӯҳҳои академӣ ширкат доштанд.
Директори Коллеҷ, дотсент Зоир Ғафурӣ дар бораи татбиқи қонуну барномаҳои давлатӣ дар раванди дарсҳои тарбиявӣ сухан гуфта, донишҷӯёнро ба худшиносию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва донишандӯзию забономӯзӣ ҳидоят кард.
Дар идома, муовини директор Муродҳусайн Илҳомов ва раиси шурои кураторон Ситора Шодиева дар хусуси тарбияи ҷавонон дар руҳияи баланди хештаншиносию инсондӯстӣ ва натиҷагирӣ аз фаъолияти кураторон дар семоҳаи аввали соли 2025 баромад намуданд.
Директори Коллеҷ ба раиси шуро ва кураторони гурӯҳҳои академӣ барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кураторӣ дастурҳои муҳиму судманд дод.




