Дар асоси нақшаи чорабиниҳои қисми тарбияи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ шоми 11-уми апрели соли 2025 дар хобгоҳи муассиса чорабинии хотирмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор карда шуд.
Пеш аз оғози чорабинӣ аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯдухтарони хобгоҳ намоиши пухтупази хӯрокҳои миллии наврӯзӣ пешниҳод шуда, ҳадафи он ба зиндагии мустақил омода намудани ҷавондухтарон ва муаррифии хӯрокҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинӣ муовини аввал, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Завқибек Саидов, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Муродҳусайн Илҳомов, мудири шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонон Мирзозода Саидаброр Саидӣ, деканони факултетҳо, омӯзгорон ва ҳайати истиқоматкунандагони хобгоҳи муассиса ширкат варзиданд.
Нахуст Завқибек Саидов суханронӣ намуда, доир ба таърих ва пайдоиши Наврӯз сухан гуфта, нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз бузургу арзишманд номид.
Дар идома бо садо додани савти доира ва карнаю сурнай барномаи рангини фарҳангӣ бо пешниҳоди дастархони наврӯзӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.




