ПЕШВОИ ХИРАДОИНИ ТОҶИКОН ВА ҶАҲОНИШАВИИ НАВРӮЗИ АҶДОДӢ

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳёи ҷашни Наврӯз ва таҷлили пуршукуҳи фарогири он мусоидат карда, барои муаррифии он нақши арзишманду мондагор гузошт. Боиси сарфарозии мо, тоҷикон, аст, ки барои мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои пайгирона ва пешниҳодоти фарҳангдӯстона саҳми шоистаю нақши таърихӣ гузоштанд.

Пешвои муаззами миллати куҳанбунёди мо ба арзишҳои миллӣ ва сарватҳои маънавии халқи маҳбуби хеш эҳтироми баланд доранд ва аз ҷумла, ҷашни Наврӯзро меписанданду ҳамасола баҳри таҷлили бовусъати он дар саросари мамлакат иқдом карда, шароити созгор фароҳам меоваранд.

Имсол бо ташаббуси ояндасози ин абармарди майдони сиёсат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд таҷлил гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақом ва расму оини устувори Наврӯз сухан гуфта, изҳор доштанд, ки ин ҷашн “ҳамчун ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги мо аз қаъри қарнҳо моро ба таҳкими сулҳу субот, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ водор месозанд.”

Дар идома, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар баимзорасидаро “санади таърихӣ” номида, таъкид доштанд, ки “ҳамин тавр, мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем.”

Дар ин ҷашни шукуҳманд Пешвои миллат изҳори итминон карданд, ки ”аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт.”

Ҳалли масъалаҳои марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, таҷлили бошукуҳи ҷашни аҷдодии Наврӯз дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо ширкати меҳмонони олиқадр ва ба имзо расидани Шартномаи байни давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар аз хиради воло ва сиёсати ояндасози Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.

Шоистаи зикру ифтихор аст, ки Пешвои хирадоини миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар рӯзҳои аввали давлатдорияшон то имрӯз сиёсати дарҳои бозро роҳандозӣ карда, бо кишварҳои олам, аз ҷумла, давлатҳои ҳамсоя робитаҳои манфиатборро ба роҳ мондаанд.

Иштирок ва суханронии сарони давлатҳои Узбекистон ва Қирғизистон дар тантанаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри бостонии Хуҷанд иқдоми наҷибу дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро Наврӯз ҷашни ҳамдиливу дӯстӣ ва якдиливу иттиҳодист. Мо, ҳамагон, шоҳиди онем, ки Наврӯз бо ҷаҳонӣ шуданаш барои рушду робитаҳои фарҳангӣ, тақвияти ҳусни тафоҳуми миллатҳо, таҳкими сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмию ҳамдилӣ ва ривоҷи тамаддуни башарӣ имконоти бештаре фароҳам овардааст.

Таманнои онро дорем, ки дӯстии давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон пояндаву ҷовидонӣ бошад ва бигзор Наврӯзи фархундапай ба миллатҳои тоҷику узбек ва қирғиз бахту саодат, файзу баракат, шодию сурур ва музаффариятҳои пай дар пайро эҳдо намояд.

Поянда бод, дӯстиву бародарии миллатҳо!

Зиҳӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Тоҷикистон, ба пеш!

Зоир ҒАФУРӢ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.

Все реакции:

57Довуд Ализода, Сазовор Набиев и ещё 55

Like0