Таҳти чунин унвон дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 27-уми марти соли 2025 ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия ҳамоиш баргузор карда шуд, ки дар он директори муассиса, дотсент Зоир Ғафурӣ ва ҳайати раёсат иштирок намуданд.
Директор Зоир Ғафурӣ доир ба Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва талаботҳои он суханронӣ гуфта, изҳор дошт, ки муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъӣ мебошад. Аз ин рӯ, бояд барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб пайваста корҳои лозимаю судманд ба анҷом расонида шавад.
Дар идома, ҳозирин – кормандону омӯзгорон атрофи мубориза бо коррупсия ва татбиқи қонунҳои марбутаи амалкунандаи он андешаронӣ карданд.









