АҲАММИЯТИ ПИРЯХҲО ДАР ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ САЙЁРА

Пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии оби тоза дар ҷаҳон ба шумор мераванд ва дар танзими иқлими сайёра нақши муҳим мебозанд. Аммо солҳои охир, бинобар гармшавии иқлим ва таъсири омилҳои антропогенӣ, ин сарчашмаҳои муҳимми пайдоиши об бо суръати баланд коҳиш меёбанд. Тибқи таҳқиқоти олимон, агар ин раванд идома ёбад, дар оянда одамон бо норасоии шадиди оби тоза рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ҳифзи пиряхҳо барои нигоҳдории тавозуни экосистема, таъмини оби ошомиданӣ ва нигоҳдории гуногунии биологӣ аҳаммияти калон дорад.

Пиряхҳо на танҳо манбаи оби тоза мебошанд, балки дар танзими ҳарорати сайёра ва нигоҳдории экосистемаҳои куҳӣ нақши муҳим доранд. Онҳо ҳамчун “анборҳои об” амал мекунанд, ки дар фаслҳои гарм обро озод намуда, дар таъмини оби дарёҳо ва кулҳо саҳм мегузоранд. Ин барои кишоварзӣ, энергетика ва таъмини оби ошомиданӣ аҳаммияти калон дорад.

Дар даҳсолаҳои охир, гармшавии глобалӣ боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардидааст. Тибқи маълумотҳо, аз солҳои 90-уми асри гузашта то ҳол дар натиҷаи обшавии пиряхҳо сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ 5 см боло рафтааст. Агар чунин ҳолат идома ёбад, минтақаҳои соҳилӣ зери об хоҳанд монд.

Обшавии пиряхҳо метавонад ба оқибатҳои ҷиддӣ оварда расонад, аз ҷумла:

– Баландшавии сатҳи баҳр, ки боиси зери об мондани минтақаҳои соҳилӣ мегардад;

– Камбудии оби тоза барои кишоварзӣ ва таъмини оби ошомиданӣ;

– Таъсир ба экосистемаҳо ва зисти намудҳои гуногуни ҳайвонот ва растаниҳо.

“Гармшавии глобалӣ” – Баланд шудани ҳарорати миёнаи Замин боиси обшавии босуръати пиряхҳо мегардад. Ин раванд, асосан, бо афзоиши партови газҳои гулхонаӣ ба вуҷуд меояд, ки сатҳи гармиро дар атмосфера нигоҳ медоранд.

“Ифлосшавии муҳит” – Газҳои зараровар, монанди гази карбон ва метан, инчунин зарраҳои ифлоскунанда, таъсири манфӣ расонда, ба обшавии босуръати пиряхҳо мусоидат мекунанд. Ифлосшавии ҳаво, инчунин метавонад сафедии рӯйи пиряхҳоро кам кунад, ки боиси бештар ҷалб шудани гармӣ мегардад.

“Фаъолияти инсон” – Коркарди канданиҳои фоиданок, буридани ҷангалҳо, сохтмони роҳҳо ва таъсири дигари антропогенӣ мусоидат мекунанд, ки муҳити зист тағйир ёбад ва шароити барои нигоҳдории пиряхҳо мувофиқро бадтар мекунад.

Барои муҳофизати пиряхҳо чораҳои зерин муҳим мебошанд:

– Коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ;

– Баланд бардоштани маърифати экологӣ миёни аҳолӣ;

– Ҳифзи ҷангалҳо ва манбаъҳои табиӣ;

– Таҳқиқот ва мониторинги доимии ҳолати пиряхҳо.

“Коҳиши захираҳои об» – Обшавии босуръати пиряхҳо ба коҳиши манбаъҳои оби ошомиданӣ ва обёрӣ оварда мерасонад.

“Баландшавии сатҳи баҳрҳо» – Об шудани пиряхҳо метавонад боиси афзоиши сатҳи оби баҳру уқёнусҳо гардад, ки ин ба ғарқ шудани минтақаҳои соҳилӣ ва ҷойҳои аҳолинишин сабаб мешавад.

«Таъсир ба экосистемаҳо»– Обшавии пиряхҳо метавонад экосистемаҳои куҳӣ ва соҳилиро тағйир диҳад, ки ба нобудшавии намудҳои гуногуни ҳайвонот ва наботот оварда мерасонад.

“Коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ» – Ҳукуматҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд стратегияҳои самарабахшро барои кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ таҳия намоянд. Истифодаи манбаъҳои тозаи энергия, монанди энергияи офтобӣ ва бодӣ, метавонад яке аз роҳҳои асосии пешгирии гармшавии глобалӣ бошад.

“Муҳофизати муҳити зист» – Ҳифзи ҷангалҳо ва манбаъҳои табиӣ метавонад ба коҳиши ифлосшавӣ ва нигоҳдории иқлим мусоидат кунад.

“Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум» – дастгирии барномаҳои маърифатӣ ва илмӣ барои пешгирии нобудшавии пиряхҳо муҳим аст. Тавассути омӯзиш ва маърифатнокӣ, одамон метавонанд дарк кунанд, ки чӣ гуна амали онҳо ба муҳити зист таъсир мерасонад.

“Таҳияи қонунҳои экологӣ» – давлатҳо бояд сиёсати устувори ҳифзи табиатро таҳия намуда, фаъолияти саноатӣ ва кишоварзиро мутобиқ ба меъёрҳои экологӣ ба роҳ монанд.

Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги обӣ ва пиряхҳо мебошад, ба мушкилоти тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ аст. Тибқи маълумотҳо Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазор пиряхи худро аз даст додааст.

Муҳофизати пиряхҳо як амри муҳимми экологӣ дар асри 21 мебошад. Бо андешидани чораҳои муассир ва ҳамкории байналмилалӣ, мо метавонем обшавии пиряхҳоро суст намуда, экосистемаҳо ва зиндагии инсонҳоро ҳифз намоем.

Ҳифзи пиряхҳо на танҳо барои таъмини оби нӯшокӣ, балки барои нигоҳдории экосистемаҳои табиӣ ва танзими иқлими сайёра муҳим мебошад. Танҳо бо ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ, давлатҳо ва ҳар як шахс метавонем ба раванди обшавии пиряхҳо таъсири мусбат расонем. Ҳар як шахс метавонад саҳми худро дар ҳифзи муҳити зист гузорад, масалан, бо кам кардани партовҳои зараровар, истифодаи камтар аз маводи пластикӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия. Танҳо тавассути амалҳои мушаххас мо метавонем ояндаи табиати сайёраамонро ҳифз намоем.

Раҷабгул Абдуллоева, ассистенти кафедраи забон ва адабиёти Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Like0