НАВРӮЗ – ЭҲЁИ РӮЗИ НАВ

Наврӯз яке аз бузургтарин оинҳо ва ҷашнҳои қадимаи мардуми ориётабор мебошад. Наврӯз ҷашни эҳёи мавҷудоти олам буда, танҳо покию сафо ва хуррамию фаровонӣ меоварад.

Наврӯз таърихи бештар аз шашҳазорсола дорад. Расму суннатҳои наврӯзӣ ҳанӯз пеш аз дини ислом, аз давраи зардуштиён барои оянда ёдгор мондаанд. Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёгони мо, тоҷикон аст, ки маънои рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Рӯзи якуми Фарвардинро рӯзи якуми баҳор, саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонанд. Дар бораи ҷашни Наврӯз ривояти зиёде мавҷуд аст.

Пайдоиши Наврӯз ба подшоҳ Ҷамшед нисбат дода мешавад. Ҷамшед сайри ҷаҳон мекард. Чун ӯ ба Озарбойҷон расид, фармон дод, тахте тайёр карданд ва онро дар ҷойи баландтарин баробари нури Офтоб гузоштанд. Шоҳ дар сар тоҷи шоҳӣ бар тахт нишаст. Тобиши Офтоб якҷоя бо нури гавҳарҳои тоҷ равшании Офтобро ду маротиба зиёд кард. Мардум шод шуданд ва он рӯзро рӯзи нав эълон карданд. Шоҳ Ҷамшед фармуд, ки одамон бадани худро бишӯянд, либоси идона ба бар кунанд. Ҳоло дар замони мо бо фарорасии Наврӯз мардум хонаҳоро аз чангу ғубор тоза мекунанд. Баъди анҷоми рубучин бурё, палосу қолин, кӯрпаву болиштро афшонда, ба хона медароранд. Пас аз он соҳибхона ба хона даромаданро иҷозат медиҳад. Шириниҳо беҳтарин туҳфа маҳсуб мешуданд. Дар шабҳо оташафрӯзӣ мекарданд ва суманак (сумалак) мепухтанд. Хушбахтона, маросими суманак (сумалакпазӣ) дар аксар маҳалҳо то ҳол риоя мегардад.

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти овардашуда аз осори Абурайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки – ин донишманд, ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дарҳои онҳоро ба рӯйи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Аз ин китобҳои таърихӣ, яъне «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия», «Ал-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тул мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи фарвардин гиромӣ дошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт.

Инчунин дастархонҳои идона меоростанд, ки ин дастархонҳои Наврӯзӣ бо номҳои ба худ хос, ба мисли «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» буд. Ҳар яке аз ин амалҳо қоидаҳои худро доштанд ва аз тарафи мардум бо пуррагӣ ба ҷо оварда мешуданд.

Яке аз анъанахои Наврӯзӣ ин ҳафтсин мебошад. Ҳафтсин ин ҳафт номгӯи чизҳоест, ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи — с сар мешаванд. Ба инҳо дохил мешаванд:

1. Сирпиёз

2. Себ

3. Сабзӣ

4. Санҷид

5. Сирко

6. Суманак

7. Сипанд.

Ҳафтшин ин он номгӯи чизҳои рӯйи дастархониест, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо— ш (шин) оғоз меёбанд. Ба инҳо дохил мешаванд:

1. Шакар

2. Шона

3. Шамъ

4. Ширинӣ

5. Шарбат

6. Ширбиринҷ

7. Шир.

Хулоса, инҳо аз урфу одати ҳар миллат вобаста мебошанд. Ҳар як халқият урфу одати худро дорад. Ҳафтшину ҳафтсин ҳама нишаста, духтарон бархе усма ба абрувон мекашанд, дигарон шеър мехонанд ва гуруҳи дигар бошад ба сурудхонӣ ва рақсу бозӣ машғул мешаванд. Мардон бошанд дар ҷашни Наврӯз мусобиқаҳои гуногунро мисли гуштингирӣ, бандкашак, хурусҷанг, шоҳмот ва зумраи дигари бозиҳоро ороста якҷо гирд меоянд. Ҳамин тариқ, Наврӯз муждаи як соли нав буда, ин ҷашни куҳан аз насл ба насл мерос монда, яке аз рукнҳои асосии фарҳанги миллии мост. Маҳз ҳамин анъанаҳои куҳан онро то имрӯз зинда нигоҳ доштаанд ва он ҳамеша бо зебоии худ дилҳоро тасхир намуда ва паёми сулҳу дӯстиро ба ҷаҳониён мерасонад.

Д. Усмонова, муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.

Like0