Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 15-уми марти соли 2025 ба муносибати эҳёи муносибатҳои дӯстии Тоҷикистону Қирғизистон ва кушодашавии сарҳади ин ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “Дӯстӣ пайвандгари қалбҳост” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ директори Коллеҷ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло, муовинони директор, деканони факултетҳо, мудири шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонон ва ҳайати ҷавонони Коллеҷ иштирок намуданд.
Директори муассиса Зоир Ғафурӣ доир ба сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сухан гуфта, дар бораи дӯстӣ ва робитаҳои судманди дуҷонибаи ҳар ду кишвар ибрози назар кард.
Зикр шуд, ки тоҷикон аз қадим ҳамчун миллати соҳибтамаддун тарафдори сулҳ буда, баҳри осоиштагӣ ва пайванди дӯстӣ бо мардуми ҷаҳон кӯшишҳои зиёд ба харҷ додаанд, зеро аҷдодони мо то ба имрӯз вассофи сулҳу дӯстӣ ва тарбияи дурусти инсонӣ ҳастанд.
– Дар доираи сафари давлатии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ормони чандинсолаи ду кишвар, яъне гузарноҳҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар фазои тантанавӣ ва бо иштироки маҷозии Сарони давлатҳои ҳамсоя боз гардида, санадҳои ҳамкорӣ ҷиҳати рушди муносибатҳои соҳаҳои гуногун ба имзо расиданд, – зикр шуд дар чорабинӣ.
Мавриди зикр аст, ки дар дар доираи ин сафар Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон аз мавзеъҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумиву миллии ин кишвар боздид намуда, ба нишони эҳтиром ва гиромидошти таърих ва адабиёти мардуми қирғиз дар пояи муҷассамаи “Уркун” ва мақбараи нависандаи маъруф Чингиз Айтматов гулчанбар гузоштанд.
Дар охир зикр шуд, ки моро зарур аст, то гуфтаҳои бузургони худро дар ситоиши дӯстиву бародарӣ ва инсондӯстиву гуманистӣ сармашқи кори худ намуда, дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам қавӣ гаштани муносибатҳои дӯстӣ саҳми худро гузорем.




