НАВРӮЗ – АНДЕШАИ МИЛЛИИ МАРДУМИ ТОҶИК

Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тули ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада ҷашнҳои миллии тоҷикон маҳсуб ёфта, чун идеяи мардуми форсу тоҷик шинохта шудаанд. Ин ҷашнҳо дар масири таърих, дар баробари забони тоҷикӣ чун намоди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳувияти миллӣ дар шинохти асолати миллии тоҷикон хидмат намудаанд. Ин шаҳодати он аст, ки тоҷикон, воқеан миллати бофарҳангу бомаданиятанд, тамаддуни чандин ҳазорсола доранд ва бо ин ҳама таъсиргузор низ мебошанд.

Дар ҳақиқат, ин андешаҳоро метавон тавассути чандин далелҳои таърихӣ таъйид кард: Арабҳо дар баробари тоҷикон миллати таъсиргузоранд. Онҳо дар тули таърих тавассути футуҳоти пайдарпай фарҳангу маданият ва дини худро ба миллатҳои гуногун иҷборан бор кардаанд. Аммо фарҳангу маданияти тоҷикон, махсусан, ҷашни Наврӯзро халқу миллатҳои гуногун, мисли турку қирғиз, қазоқу туркман на иҷборӣ, балки ихтиёрӣ, яъне ҳангоми ҳамнишинӣ бо тоҷикон қабул намудаанд. Барои тасдиқи ин андеша аз китоби «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ иқтибос меорем. Муаллифи «Таърихи Байҳақӣ» Абулфазли Байҳақӣ воқеаи бар тахт нишастани Туғралбек ва мулоқоти ӯро бо Қозӣ Соид нақл кардааст. Туғралбек дар ҷавоби Қозӣ Соид чунин гуфтааст: «Ва мо мардумони нав ва ғарибем, расмҳои тоҷикон надонем». Ин далели он аст, ки халқҳои турку қирғиз, қазоқу туркман аз фарҳангу маданияти мардумӣ ва давлатдорӣ дур буданд ва худро аз мардуми бумии тоҷику форс ҳақиру навпайдо нишон додаанд. Имрӯз халқҳои турку қирғиз ва қазоқу туркман низ Наврӯзро истиқбол мегиранд ва онро яке аз рамзҳои миллии худ медонанд.

Ҷашнҳои миллии тоҷикон – Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада дар тули таърих борҳо таҳти фишори аҷнабиён қарор гирифта, таҷлили онҳо манъ гардида, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд. Баъди ҳуҷуми арабҳо ба сарзаминҳои Эрон, Хуросону Мовароуннаҳр ва паҳн гардидани дини ислом ҷашну маросимҳои тоҷикон, махсусан, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада, бидъат маҳсуб ёфта, то андозае таҷлили онҳо маҳкуму маҳдуд гардид.

Аммо дар замони ҳукумати Сомониён (IX-X) то андозае ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада эҳё гардид, ки он дар шеъри шоирони форсу тоҷик ба мушоҳида мерасад. Сомониён ба фарҳангу маданияти ниёгон, бахусус забони тоҷикӣ, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада арҷу эҳтиром гузошта, барои эҳёи анъанаю маросимҳои миллӣ, табдили забони тоҷикӣ ба забони расмӣ-коргузорӣ, тартиби девонҳо (вазоратҳо), ҷалби олимону шоирон ба дарбор, рушди илму фарҳанг ва ғайра хидмати арзанда намуданд.

Ин консепсияи сулолаи тоҷикон – Сомониён баъд аз асри X сулолаҳои туркнажод – Ғазнавиёну Салҷуқиён, Қарахониён ва монанди инҳо зиёда аз ҳазор сол дар сарзаминҳои Хуросону Мовароуннаҳр давом додаанд. Чунонки қаблан ишора гардид, саркардагони сулолаҳои Ғазнавиёну Салҷуқиён аз фарҳангу маданият дур буданд, бинобар ин, на танҳо расму оини давлатдории тоҷиконро қабул намудаанд, балки ҷашнҳои миллии тоҷикон – Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Садаро истиқбол мегирифтанд.

Туркнажодон бо қабули дини ислом сарзаминҳои тоҷикнишинро бо осонӣ фатҳ намуда, бо тоҷикон ҳамнишин гардиданд ва расму оинҳои миллии тоҷиконро пазируфтанд. Сулолаҳои Ғазнавиёну Салҷуқиён қисман сиёсати Сомониёнро роҳандозӣ карда, дар дарбор шоирону нависандагон ва олимонро ҷалб менамуданд. Шоирони дарбори онҳо дар ашъори худ аз ҷашнҳои миллӣ – Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада ёд карда, ҳатто мамдӯҳонро ба фарорасии ин ҷашнҳо табрику муборакбод мегуфтанд.

Ҳамин тавр, ҷашнҳои миллии тоҷикон – Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих тамоми шебу фарозҳоро тай намуда, имрӯз бо фалсафаву ҳикмати бузурги вижаи худ дар дилу дидаи мардуми олам маскан гирифаанд.

Наврӯз бузургтарину машҳуртарин ҷашни миллии тоҷикон ба шумор меравад. Наврӯз – рамзи оғози сол, аруси нозанини сол, айёми сабзу хуррамии табиат, фасли зебои табиат, мавсими кишту кори деҳқон, тимсоли тозагию покизагӣ, ҳамдилию ваҳдати миллӣ, сулҳу дӯстӣ ва осоиштагӣ, меҳру муҳаббат, ишқу ошиқӣ, шодию хурсандӣ, серию пурӣ, хайру саховат, некӯкорӣ, хайрхоҳӣ, посдории хотираи неки гузаштагон, эҳтироми калонсолон, ҳурмати падару модарон ва тарғиби далерию паҳлавонӣ аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз чунин зикр кардаанд: «Пайдоиш, шукуҳу шаҳомат ва ҳикмату фалсафаи ин оини нек дар осори гаронбаҳои гузаштагони мо, аз Авасто сар карда, то «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти фаровоне зикр гардида, дар онҳо мақому манзалат ва бузургии ин оини ростин тавсиф шудааст».

Оре, дар мафҳуми «Наврӯз» асроре нуҳуфтааст, ки онро бояд тамоми ҷаҳониён эътироф намоянд. Наврӯз кашфиёти бузурги мардуми форсу тоҷик дар соҳаи илми ҳандаса (геометрия) маҳсуб меёбад. Ин кашфиёт ҳанӯз пеш аз милод, замоне ки ягон асбоби ченкунандаи фазову вақт вуҷуд надошт, тавассути ақли расову солими мутафаккирони форсу тоҷик шинохта шуда, «Наврӯз» ном гирифтааст. Наврӯз на фақат рамзи хуррамию сарсабзии табиат ва оғози соли нав аст, балки баробарии «шабу рӯз»-ро ба таври дақиқу мушаххас ифода мекунад. Аз ин рӯ, фалсафаи Наврӯз бузург буда, он кашфиёти нодиру бебаҳои мардуми форсу тоҷик муаррифӣ мегардад. Чунончӣ, Адиб Собири Тирмизӣ Наврӯзро кашфи ҳама асрор номидааст, ки далели гуфтаҳои болост:

Ҳар сар, ки Меҳргон ба дили хок дарниҳод,

Наврӯз кашфи он ҳама асрор мекунад.

Дар Меҳргон деҳқонон имкон доранд, ки кишти тирамоҳиро ба роҳ монанд, яъне дона ба дили хок бипошанд ва Наврӯз он ҳама асрорро кашф мекунад. Ё дар байти дигар, шоир Наврӯзро фахри рӯзгорҳо дониста, бо он ифтихор мекунад:

Агар фахри рӯзгор ба Наврӯз хуррам аст,

Ин рӯзгор фахри ҳама рӯзгорҳост…

Умари Хайём дар рубоиёташ мавзуи Наврӯзро барои ифодаи афкори риндонааш ба кор бурда, ба воситаи он масоили хушгузаронии рӯзгор, аз ҷумла, хушиву хурсандӣ, шодию фараҳмандӣ ва дилафрӯзию озодии инсониятро таҷассум намудааст. Чунончӣ:

Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,

Дар саҳни чаман рӯйи дилафрӯз хуш аст.

Аз дай, ки гузашт, ҳар чӣ гӯйӣ, хуш нест,

Хуш бош, зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.

Наврӯз яке аз аввалин солшумориҳои мардуми форсу тоҷик (солшумории шамсӣ) ба ҳисоб меравад ва сабаби асосии он кашфи консепсияи вақту фазо мебошад. Чунончи, олими машҳури улуми математика, физика ва астрономия Умари Хайём дар «Наврӯзнома» менависад: «… сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он ки дар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввал дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин кард ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд» (4, с. 25-26). Ин андешаест, ки чандин ҳазор сол пеш дар тафаккури мардуми форсу тоҷик ба вуҷуд омадааст: 1 сол = 365 рӯзу 5 соат ва 48 дақиқаву 46 сония.

Умари Хайём дар «Наврӯзнома» ишора кардааст, ки мардуми форсу тоҷик донишманду олим буданд. Аз ҷониби донишмандони форсу тоҷик муайян карда шудааст, ки сол аз дувоздаҳ моҳ, аз ҷумла фарвардинмоҳ, урдибиҳиштмоҳ, хурдодмоҳ, тирмоҳ, мурдодмоҳ, шаҳривармоҳ, меҳрмоҳ, обонмоҳ, озармоҳ, даймоҳ, баҳманмоҳ ва исфандормадмоҳ иборат аст. Чизи дигаре, ки Умари Хайём зикр кардааст, ин миқдори рӯзҳои моҳҳо ва фаслҳои сол аст. Андешаи ҷолиб он аст, ки солро аз сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе, чаҳор фаслу дувоздаҳ моҳ ва ҳар моҳро аз сӣ рӯз иборат донистаанд, ки ин назария дар амалия татбиқу амалӣ гардида, дар замони мо низ он мавриди истифода қарор дорад. Хайём моҳияти фалсафию илмӣ ва ҳаётии ҷашни Наврӯзро дарк намуда, иброз медорад: «Ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад».

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус, ибтикор ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид «Наврӯз – ҷашни байналмилалӣ» эълон гардид ва ба Феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО дохил шуд. Акнун ҷашни Наврӯз аз доираи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз берун рафта, ҳатто ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт, ки дар ин самт Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосӣ маҳсуб меёбанд.

Хулоса, Наврӯз дар тули таърих бо бузургтарин ва пуриқтидортарин идеологияи ҷаҳонӣ бархурд намуда, зиёда аз ҳазор сол дучори фишори шадид қарор гирифта, намурда, балки зиста, имрӯз бо арзишҳои башарии худ шуҳрати бисёр пайдо кардааст. Сабаби асосии пойдору устувор ва абадӣ зинда мондан ва ба ҷашни умумибашарӣ табдил ёфтани Наврӯз он аст, ки ҳанӯз панҷ ҳазор сол пеш ҳақиқати зиндагии инсоният бо далелҳои илмӣ исбот гардида, ба ҷаҳониён ҳамчун ҷашни сулҳу дӯстӣ, озодиву ободӣ, баробариву бародарӣ ва зиндагисозу муттаҳидкунанда пешниҳод шудааст. Андешаҳои дар мавриди ҷашни Наврӯз баённамудаи худро дар чанд банд хулоса менамоем:

Тоҷикон – миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу бомаданиятанд ва дар тамаддуни башарӣ бо кору пайкор ва мероси гаронбаҳои илмию фарҳангии худ саҳми арзанда гузоштаанд. Тоҷикон миллати таъсиргузор маҳсуб меёбанд ва фарҳангу ҷашнҳои миллияшон – Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Садаро қавму миллатҳои таъсирпазири туркнажод – қазоқу қирғиз ва туркману ӯзбек ва туркон қабул намуданд.

Ҷашнҳои миллии тоҷикон – Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз руҳу равони мардум сиришта шуда, дар онҳо ҳикмати бузург «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» таҷассум гардидааст.

Наврӯз – намоди оғози сол, аруси сол, айёми сабзу хуррамии табиат, олиҳаи ҳусну зебоӣ, саховату эҳсон, некию накукорӣ, мавсими кишту кори деҳқон, тазагию покӣ, сулҳу дӯстӣ ва осоиштагӣ, меҳру муҳаббат, ишқу ошиқӣ, шодию хурсандӣ, серию пурӣ ва далерию паҳлавонист.

«Наврӯз» мафҳумест, ки асрори ҳастию офариниши олам дар он нуҳуфтааст. Наврӯз кашфиёти бузурги мардуми форсу тоҷик дар соҳаи илми геометрия аст. Наврӯз на танҳо рамзи хуррамию сарсабзии табиат ва оғози соли нав аст, балки он баробарии «шабу рӯз»-ро ифода менамояд.

Фалсафаи Наврӯз бузург аст ва дар он кашфиёти нодиру беназири мардуми форсу тоҷик таҷассум гардидааст. Доноёну донишмандони форсу тоҷик дар Наврӯз бо супориши Каюмарс тақвим ва солшуморӣ бунёд карданд, ки мувофиқи он сол аз сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе (365 рӯзу 5 соат ва 48 дақиқаву 46 сония), чаҳор фаслу дувоздаҳ моҳ ва ҳар моҳ аз сӣ рӯз иборат аст. Ин кашфиёти донишмандон то имрӯз арзиши баланди илмию ҳаётии худро гум накарда, яке аз дақиқтарин тақвимҳо (солшуморӣ) ба ҳисоб меравад, зеро он тавассути далоили илмӣ асос ёфтааст.

Мувофиқи солшумории шамсӣ сол ба дувоздаҳ моҳ, аз ҷумла фарвардинмоҳ, урдибиҳиштмоҳ, хурдодмоҳ, тирмоҳ, мурдодмоҳ, шаҳривармоҳ, меҳрмоҳ, обонмоҳ, озармоҳ, даймоҳ, баҳманмоҳ ва исфандормадмоҳ тақсим мешавад.

Дар солшумории шамсӣ сол аз чор фасл, мисли баҳор (фарвардинмоҳ, урдибиҳиштмоҳ, хурдодмоҳ), тобистон (тирмоҳ, мурдодмоҳ, шаҳривармоҳ), тирамоҳ (меҳрмоҳ, обонмоҳ, озармоҳ) ва зимистон (даймоҳ, баҳманмоҳ, исфандормадмоҳ) таркиб ёфтааст.

Хушбахтона, ҳамасола дар Тоҷикистони азиз ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар фазои сулҳу дӯстӣ, озодиву ободӣ, бародариву баробарӣ, шодиву хурсандӣ, хушиву хушбахтӣ, меҳру муҳаббат, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдату ягонагӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз бар тамоми мардуми Тоҷикистони азиз хуҷаставу фархунда бод!

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,

Наврӯзатон фирӯз бод!

Мерганзода М.Б. – н.и.ф., муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Х. Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ.

Like0