МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” баргузории конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Рақамикунонии раванди илмомузӣ бо истифода аз усулҳои муосири таълим» рӯзи 17 – апрели соли 2025 ба нақша гирифтааст.

Дар ин конференсия ширкати забоншиносон, ҷомеашиносон, муаррихон, равоншиносон, муаллимон ва тадқиқотчиён дар назар аст.

Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд:

-Рақамикунонии раванди таълим – талаботи замон;

Пешвои миллат – ҳомии забони миллӣ;

-Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар;

– Ҷойгоҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир;

– Рақамикунонӣ ва ҷаҳонишавӣ- падида ва мушкилотҳои нав, таъсири мусбӣ ва манфии ин равандҳо;

– Таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ;

– Сиёсати дарҳои кушодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои олам;

-Нақши забон дар рушди фарҳанги миллӣ;

– Мушкилоти соҳаи забоншиносӣ ва истилоҳот;

– Роҳу усулҳои ҳалли мушкилоти соҳаи тарҷумонӣ;

– Таъсири муҳити муосири таълимӣ ба раванди таълим;

– Рушди соҳат туризм дар баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар:

Даъвати иштирокчиён пас аз қабули дархост ва қабули мақола баррасӣ карда мешавад

Забонҳои кории конференсия тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд. Барои иштирок дар конференсия шаклҳои электронии мақолаҳо то 3 –юми апрели соли 2025 қабул карда мешавад.

Маҷмуаи мақолот пеш аз оғози конференсия нашр карда шуда дастраси иштирокчиён мегардад.

Барои гирифтани маълумот оид ба масъалаҳои дигари марбут ба конференсия ба суроғаи зерин муроҷиат намоед +992938896748 ё почтаи kollegi-omuzgori@mail.ru, azam.ap27@mail.ru. Масъул: Байдуллоев А

Таманнои иштироки Шумо дар конференсия ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рақамикунонии раванди илмомузӣ бо истифода аз усулҳои муосири таълим»

1. Ном, насаб ва номи падар

2. Ҷои кор, вазифа

3. Дараҷаи илмӣ ва унвон

4. Суроғаи почтаи электронӣ ва рақами телефон.

Талабот

1. Мақола бояд ба суроғаи электронии: – коллеҷи-omuzgori@mail.ru ва azam.ap27@mail.ru. фиристода шавад

2. Тартиби навиштани мақола чунин бошад:

– Номи пурра, ҷои кор, вазифа ва дараҷаи илмӣ

– матн

– фишурдаи мақола

– калидвожаҳо

– адабиёт

3. Варианти электронии мақола бояд дар намуду андозаи формати файли MS Word пешниҳод карда шавад.

4. Мақола бояд на камтар аз 3 саҳифа ва на бештар аз 12 саҳифа бошад.

5. Мақола бояд бо ҳарфҳои муқаррарӣ, дар шакли электронӣ,

дар шрифтҳои “Times New Roman” ё “Times New Roman Tj” бо фосилаи байнисатрӣ (1 см) навишта шавад. Фосилаи байни сарсатрҳо бояд якхела ва баробар ба 1,25 сантиметр бошад.

6. Андозаи ҳуруфи асосӣ бояд ба 14 баробар бошад.

7. Варақаҳо рақамгузорӣ карда намешаванд.

8. Муаллифон барои мундариҷаи дохили мақола, инчунин барои аслияти маводи дохили мақола (плагиат) ҷавобгар мебошанд.

Like0