ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ МОДАР ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Бо мақсади арҷ гузоштан ба мақому манзалати зан – модар ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар 5-уми марти соли 2025 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки пеш аз оғози чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти муассиса ҳамчун рамзи эҳтиром ба Зан – Модар ба бонувони муассиса гул тақдим карда шуд.

Баъдан дар толори фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, ки дар он директори Коллеҷ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло, муовинони директор, бонувони собиқадори муассиса ва кормандону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Директори муассиса ҳамагонро ба ин санаи фархунда табрик гуфта, иброз дошт, ки арҷгузорӣ ба Зан – Модар, ғамхориву дастгирӣ ба ин қишри муҳимми ҷомеа зери таваҷҷуҳи доимии сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бонувони саодатманди тоҷик дар ҷомеаи соҳибтамаддуну демократии мо мавқеи шоистаро касб кардаанд.

Инчунин, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар идома барномаи рангини фарҳангӣ, ки дар доираи фестивали байнимуассисавии “Садранги чакан” – “Ҷилои рангҳо” ва озмуни муассисавии “Канӣ духтарон” миёни донишҷӯдухтарони се муассиса баргузор карда шуд, хотири ҳамагонро шод гардонид.

Бояд зикр кард, ки дар ҷамъбати фестивалу озмуни муассиса, ки аз ҷониби меҳмонон – собиқадорони муассиса доварӣ шуда буд, дастаи факултети филология ва таърих сазовори ҷойи 3, факултети забонҳои хориҷӣ сазовори ҷойи 2 ва факултети табиӣ – риёзӣ, педагогика ва психология сазовори ҷойи 1 гардид, ки ба онҳо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар охир аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба ҳамаи омӯзгорзанҳо ба муносибати Рӯзи Модар мукофотпулӣ тақдим гардид.

Like0