Модар – ин муқаддастарин ва азизтарин шахс дар зиндагии ҳар инсон аст. Ӯ сарчашмаи меҳру муҳаббат, рамзи садоқату вафо ва чароғи равшани хонадон мебошад. Ҳеч неъмате дар ҷаҳон бо муҳаббати модар баробар шуда наметавонад, зеро ӯ аввалин шахсе аст, ки моро бо навозиш ва меҳрубонӣ ба оғӯш мегирад ва то охири умр ғамхори мо мемонад. Модар на танҳо тарбиятгари фарзандон, балки мураббию устоди зиндагии онҳост. Ҳар як сухан ва ҳар як амали модар дар қалби фарзандон таъсири амиқ гузошта, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят мекунад.
Боиси зикру ифтихор аст, ки арҷгузорӣ ба зан – модар, ғамхориву дастгирӣ ба ин қишри муҳимми ҷомеа зери таваҷҷуҳи доимии сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бонувони саодатманди тоҷик дар ҷомеаи соҳибтамаддуну демократии мо мавқеи шоистаро касб кардаанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши модар чунин изҳор доштаанд: “Ҳеҷ кадоме аз мо наметавонем, ки заҳмату бедорхобии ҳатто якшабаи модари худро ҷуброн кунем. Вале ба ҳар ҳол, мо – фарзандон бояд кӯшиш кунем, ки ба қадри модари мушфиқ, ранҷу машаққат ва ғамхориҳои ӯ расем, то метавонем хизматашро ба ҷо оварем ва дуои некашро гирем. Зеро модар мавҷуди муқаддастарин ва азизатарину бебаҳотарин барои инсон ва сазовору арзандаи ҳама гуна парастиш, дӯстдорӣ ва ғамхорӣ мебошад.”
Оре, модар шахсест, ки бори гарони тарбияи фарзандонро ба зимма гирифта, шабҳоро бехоб мегузаронад, то фарзандонаш осуда бошанд. Бузурге чунин гуфта: «Модар зеботарин калимаест, ки инсон ба забон овардааст. Модар ягона муъҷизаи табиат аст, ки ҳатто марг наметавонад моро аз ӯ ҷудо кунад. Қалби модар ҳудуди беинтиҳои меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва бахшидан аст». Инчунин, Маҳатма Гандӣ дар бораи нақши бузурги модар зикр карда, ки: “Агар мехоҳед миллатеро бузург созед, ба модаронашон таълим диҳед.” Ба ин маънӣ Напалион Бонапарт ин гуна изҳор доштааст: “Ояндаи миллат дар дасти модарон аст.”
Ҳар як нафаси модар, дуои неки ӯ ва муҳаббати беканораш сарчашмаи рӯшноӣ ва оромии дилҳост. Баҳор фасли зебо ва эҳёшавии табиат аст, ки бо гулшукуфии дарахтон, Наврӯз ва гармии офтоби баҳорӣ ҳамроҳӣ мекунад. Ин фасли дилфиреб бо иди бошукуҳи модарон – Рӯзи модар – ҳамсафар аст, ки ҳамасола 8-уми март ҷашн гирифта мешавад.
Ҳар баҳор вақте ки табиат аз нав зинда мешавад, меҳру муҳаббат ва самимияти инсонҳо низ ҷило мебахшад. Ин фасл рамзи навгонии зиндагӣ, муҳаббат ва самимият аст, ки бо муҳаббати модарон ҳамоҳангӣ дорад. Модар сарчашмаи меҳрубонӣ ва олиҳимматӣ буда, бо садоқату меҳрубонии беназири худ моро аз хурдӣ бо муҳаббат парвариш мекунад. Ҷашни модарон на танҳо имкониятест барои қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати бепоёни онҳо, балки ҳамзамон як лаҳзаи махсус барои изҳори меҳру муҳаббат ва сипосгузорӣ нисбат ба бонувон мебошад. Ҳар фарзанд кӯшиш мекунад, ки дар ин рӯз модарашро хушҳол намуда, бо гулҳо, туҳфаҳо ва суханони меҳрбор қалби ӯро шод гардонад. Донишманд Авраам Линколон бо сатрҳо фарзандони инсониятро чунин насиҳат карда: “Ҳама он чи ки ҳастам ё умедворам, ки бошам, қарздори модари худ ҳастам.”
Баҳор ва ҷашни модарон бо ҳам тавъаманданд, зеро ҳарду рамзи зиндагии нав, меҳрубонӣ ва зебоии рӯзгоранд. Модар мисли баҳор ба дили фарзандон гармӣ мебахшад, мисли гулҳои баҳорӣ табассум мекунад ва мисли шамоли форами баҳорӣ бо меҳру муҳаббат навозиш менамояд.
Зан дар ҷомеа на танҳо модар ва ҳамсар аст, балки рукни асосии тарбият, муҳаббат ва суботи хонаводагӣ низ ба ҳисоб меравад. Модар будан рисолати муқаддасест, ки бо меҳру муҳаббат ва масъулияти бузург ҳамроҳ аст. Зан чун модар дар ҳаёти фарзандон нақши асосиро мебозад. Бо меҳрубонӣ, фидокорӣ ва талошҳои пайваста, ӯ наслҳои ояндаро тарбия намуда, ба онҳо арзишҳои ахлоқӣ ва маънавиро меомӯзонад.
Адиби маъруфи рус Максим Горкий мегӯяд, ки: “Зан, модар – манбаи зиндагӣ ва офаридгори муҳаббат аст.” Ба андешаи Лев Толстой бошад “Модар муҳаббати беинтиҳост.” Дар бораи муҳаббати модар Ҷон Пол-2 чунин гуфта: “Модар шахсе аст, ки барои фарзандонаш тамоми муҳаббати дунёро мебахшад.” Оре, ҳар як модар бо муҳаббати беинтиҳо фарзандонашро ба роҳи рост ҳидоят мекунад, онҳоро дастгирӣ мекунад ва барои хушбахтии оилааш кӯшиш менамояд. Зан – Модар – сарчашмаи меҳру муҳаббат, олиҳаи зиндагӣ ва асоси тарбияи фарзандон аст.
Дар бораи нақши бузурги модар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як паёми табрикотияшон чунин изҳор доштаанд: “Модарони азиз ва бонувону духтарони сарбаланди мо суннату анъанаҳои неку созандаи мардуми бостониамонро минбаъд низ идома дода, дар эҳёи расму ойинҳо, таомҳо ва либосҳои миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги бостонии миллат, пешгирӣ кардани ҳисси бегонапарастӣ, ободии Ватани азизамон, оромии ҷомеаи кишварамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши арзанда ва муносиб мегузоранд.”
Ин сатрҳои саршор аз самимияту муҳаббат ва меҳрбори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз бузургиву матонати зан-модар паём дода, ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳои ҳаёт – модар бирасем, ӯро самимона дӯст дорем ва аз ҳидояту дарсҳои ибратбахшаш сабақи рӯзгордориву зиндагиро омӯзем.
Модар – зеботарин калом ва нодиртарину ноёбтарин неъмати рӯйи замин аст. Дар бораи ин ганҷинаи ҳаёт – модар нависандаи шинохта Халил Ҷуброн мегӯяд: “Модар зеботарин вожаест, ки инсон ба забон овардааст.” Нависандаи номдори рус Максим Горкий низ ба ин андешаҳо ҳамроҳ гардида чунин гуфта: “Бе офтоб гулҳо, бе муҳаббат хушбахтӣ, бе зан ишқ, бе модар инсон вуҷуд надоранд!”
Дуруду ҳазорон сипос ба бузургиву ҳар каломи меҳрбори модар, ки ӯ оғозбахши зиндагист!
Бигзор меҳру муҳаббати модарон ҳамеша пойдор бошад ва ҳар баҳор ба зиндагии онҳо шодиву сурурро бо худ армуғон орад!
Зоир Ғафурӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.