Ҳар як инсоне, ки дар рӯйи олам чашм ба ҳастӣ мекушояд, барои ин зиндагӣ ва барои ин ҳаст карданҳо ба модар бояд миннатпазир бошад. Ӯ ҳаст, ки насли инсоният дар рӯйи замин бо сарчашмаи накукориҳо таъмин аст. Яке аз сарчашмаҳои хушкнашавандаи меҳрубонӣ, накукорӣ ва ғамхор будан – модар аст. Модар ягона шахсе мебошад, ки танҳо барои тансиҳативу хотирҷамъии фарзандон ва аҳли оила ҳамеша дуогӯ ҳаст. Дар замири модар танҳо накуӣ ва накукорӣ ҷорист. Ҳатто ҳолатҳое аз тарафи инсонҳо мушоҳида карда шуда, ки оҳумодар барои он ки фарзандаш ба чанги паланг наафтад худро қурбони паланг мегардонад, то фарзандаш зинда монад. Ё мисоли дигар дар олами паррандаҳо низ бингарем кабк барои он ки аз тарафи инсоният ва ё дигар хатарҳо эмин мондани чӯҷаҳои хурдаш худро ярадор вонамуд карда, чӯҷаҳои худро аз бало халос мекунад.
Мо бояд донем, ки модарон бо он ки ниҳоят меҳрубон ҳастанд ҳатто омода ҳастанд, ки барои фарзандон ҷони худро қурбон кунанд ва дар ин интихоби ниҳоят душвор бе ягон дудилагӣ ва нотарсона намунаи ҷасорат нишон медиҳанд.
Барои ҳамин мо на танҳо бояд дар пайи кору ташвишҳои дигари зиндагӣ бошем, чунки аксар мардуми оқил медонанд, ки кору бори зиндагӣ охир надорад, вале умри ҳар як инсон ва мутаасифона умри волидони мо низ рӯзе ба охир мерасаду дигар мо наметавонем рӯйи зебои онҳо, суханҳои насиҳатомези эшонро шунавему аз суҳбати онҳо баҳра гирем. Ҳар лаҳзаи бо онҳо будан барои мо, фарзандон беш аз ҷаҳони пур аз сарват аст. Аз ин рӯ, ҳар як инсон новобаста аз синну сол ва ҳолати иҷтимоӣ бояд бо волидайни худ меҳрубон бошанду онҳоро то нафаси охирин қадр кунанд, то ки худ низ дар пирӣ чунин ғамхории фарзандонро бинанд. Дар байни мардум гуфторе ҳаст, ки дили модар ва падар чунон бузург аст, ки даҳ фарзандро бо ин дил дӯст доштаву калон мекунад ва меғунҷонад, вале на дар ҳама ҳолатҳо ҳамаи фарзандон муштоқи дидори волидон ҳастанд ва бо баҳонаҳои серкориву вақт надоштан аз дидорбинии онҳо хешро дур мегиранд. Албатта, бо чунин рафтор онҳо, алалхуссус, модарони худро азият медиҳанд.
Барои падару модаре, ки аллакай синну солаш ба ҷое расидааст, дигар пулу моли фарзандон лозим нест, гарчанде, ки дар роҳи таълиму тарбия ва ба воя расонидани фарзандон тамоми маблағҳои худ ва инчунин саломатии худро аз даст додаанд. Мумкин моҳе буд, ки модар бо падари хона маслиҳат карда, барои таҳсили фарзанд дар мактаби олӣ, барои сару либоси ӯ, барои телефони мобилии хуб ва дигар ҷиҳози зисти ӯ маблағ ҷудо карда, ба фарзанди донишҷӯ доданд. Мумкин ин ҳамон маблағе буд, ки бояд барои худ ва ё хоҳару додар сарф мекард ва ё доруе барои худ дар пирӣ харидорӣ мекард, ҳамаи инҳоро як тараф гузошта, фикри зисти фарзанди донишҷӯяшон карда, ба ӯ пул равон намуданд. Ҳамчунин барои хонадоршавии онҳо низ чунин маблағ ҷамъ меоваранд. Ба қадри ҳамаи ин қурбонкориҳо бояд расид.
Модар ин беҳтарин ва меҳрубонтарин касе ҳаст, ки дигар касе дар баробари ӯ ба мо меҳрубон шуда наметавонад. Барои ҳамин фарзандони баномуси кишвар ба қадри ин “Фариштаҳои заминӣ” бояд расид.
Бобоқулова Нигина, мудири шуъбаи илм ва робитаҳои байналмилалии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.