МОДАР – ЧАШМАИ ХУШКНАШАВАНДАИ ҲАЁТ

Модар сарчашмаи тамоми некиҳо ва оғози ҳамаи хубиҳост. Модар офтоби дурахшонест, ки бо нуру зиёи хеш рӯзгори фарзандонро равшану мунаввар месозад. Модар азизтарин ва меҳрубонтарин шахс барои ҳар яки мост. Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад. Ситоиши модар ҳамеша дар қалбу забонҳост:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасту дуои модар.

Аз сарвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,

Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Модар – Ватан барои ҳар як шахси худогоҳ муқаддас мебошад. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Офаридгор аст, зеро саодати зиндагӣ дар калимаи Зан – Модар нуҳуфтааст.

Модар калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф иборат аст, вале дар он як ҷаҳон маънӣ нусрату баракату зебоӣ, меҳру муҳаббат, равшанию дилгармӣ, хирадмандию ҷасорату қудрат нуҳуфта мебошад.

Модар гаҳвора ва оламро бо ҳам мепайвандад. Бо як дасташ гавҳора ва бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президнети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми Зан – Модар чунин қайд намудаанд: “Ҷомеае, ки ба Зан-Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад”.

Донишманди бузург Балзак муҳаббати модарро чунин номидааст: “Ҳеҷ кас дар зиндагӣ наметавонад муҳаббате амиқтар, самимитар ва воқеитар аз муҳаббати модари хеш дарёбад.” Аксари шоирон ва нависандагони бузург модарро васф кардаанд, аз ҷумла, шоир Озар Салим дар шеъри худ модарро ба фаришта монанд кардааст:

Модар фаришта буд фақат болу пар надошт,

Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.

Модар фаришта, чароғи хонадон ва ситораест, ки шабонгоҳ бо тамоми сайёра ҷило дода, мисли моҳи тобон дунёро рӯшноӣ мебахшад.

Модарон қуввати дилу ҷонанд, ки дар ҳар тапиши дил ба мо ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва эъҷозу ҳикмату хираду сарват мебахшанд. Бузургии Зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Бо беҳтарин таманниётҳо бонувон ва модарони азизу гиромиқадр шуморо ба муносибати Рӯзи модарон табрик гуфта, ба шумо сиҳатмандиву сарбандӣ ва хушиҳои рӯзгорро орзумандам.

Кулобӣ РАҶАБОВА, муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.

Like0