Инсон вақте, ки ба дунё меояду баъди гузашти муайяни вақте, ки ба оламу одамро дар кардан оғоз мекунад, аввал шахсияти меҳрубон ва ниҳоят ғамхореро мебинад, ки ба ӯ ғизо дода ӯро бо беҳтарин суханҳо навозиш мекунад. Дар рӯзҳои аввал агар кӯдак пурра сарфаҳм наравад ҳам, вале беихтиёр ба ин “фаришта”, ки модари уст унс гирифта одат мекунад ва ҳатто дар лаҳзае, ки модар аз кӯдак ҷудо шуда, барои коре лаҳзае ӯро танҳо мегузорад, ба гиря оғоз мекунад. Ин аст пайдоиши меҳри фарзанд ба модари худ. Вале бояд аз он оғоз кард, ки меҳри модар ба фарзанд дар рӯзҳои аввали дар батни модар пайдо шудани фарзанд оғоз гардида, доимо аз Худованд дуо мекунад, ки фарзанди ӯро соқу саломат ба ӯ ҳадя намояд. Доимо дар ҳаққи фарзанди худ аз ҳамон рӯзҳо ғамхорӣ мекунаду 9 моҳу 9 рӯз дар батн ва тамоми умр дар ҳаёти хеш барои фарзанд ғамхорӣ мекунад. То вақте, тандуруст аст фарзандро бо хӯроки гарм, либоси тоза таъмин намуда, суханҳои хуб гуфта накупарастӣ меомӯзад. Вақте, ки айёми пири фаро мерасанд ва модарони меҳрубон аллакай дигар мадори кору фаъолият дар корхонаву саҳро ва кори хона надоранд, ба ин ҳам нигоҳ накарда бо дуои неки худ фарзандонро ба кору амалҳои нек роҳнамо мекунанду то омаданашон онҳоро ҳар бегоҳ ва агар дар роҳи дур бошанд шабу рӯз интизор монда ба суи дари хона барои омадани фарзанд чашминтизор мемонанд.
Ин аст бузургии Модар-сарчашмаи мусаффои зиндагии инсонӣ. Албатта барои тасвири бузургӣ ва меҳрубониҳои модар чи қадар сухан гӯем кам аст. Дар ин бора шоирону нависандагон ва дигар шахсони фаъоли ҷамъиятиву сиёсӣ ва намояндагони адабиёти классику муосири тоҷик ва дигар халқу миллатҳо шеърҳову манзума ва асарҳои зиёде таълиф кардаанд. Ҳатто дар китобҳои муқаддас ба монанди Қуръон низ бузургии модарон оварда шуда, ба ин фариштаи заминӣ арҷ гузошта шудааст. Бояд қайд кард, ки ҳар як инсон барои ба дунё омадан баъд аз Худо бояд ба падару модар эҳтиром гузорад, чунки онҳо буданду мову Шумо ба дунё омадем, онҳо буданд, ки мову шуморо бо хуроку либос таъмин намуда дар лаҳзаҳои бемор шудан то саҳар сари болини мову шумо нишаста моро табобат намуданду ба имрӯз расониданд. Ҳамин аст, ки мо бояд ҳамарӯза ва ҳар соате аз онҳо пурсон шавем ва дар хотир дошта бошем, ки онҳо ба қавле “офтоби сари кӯҳ” ҳастанд, меҳмони мо хастанд ва хоҳем нахоҳем моро рӯзе тарк мекунанд.
Чи хеле, ки дар аксар баромадҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд карданд, ки: “Ба қадри падару модарон бирасед, онҳоро ҳурмат кунед ва агар имкон бошад, ҳар рӯз аз аҳволи онҳо хабар гиред. Агар фарзанд хоҳад дурии роҳ сабаби ба дидорбинии волидон нарафтан шуда наметавонад, баъди кор шабона рафта онҳоро хабар гирифта то саҳар ба ҷои кор бармегардад.”
Аз ин рӯ, албатта дар зиндагӣ ба қадри ҳамаи хешу табор ёру дӯстон бояд расид, вале ҷои падару модарро дигар ҳеҷ кас иваз карда наметавонад. Баъди фавти падару модар инсон новобаста ба синну сол ба шахсе мемонад, ки дар “биёбони сӯзону бекаси зиндагӣ” бесарпаноҳ мемонад.
“Офтоби зиндагии инсон” – падару модар мебошанд, ки баъди фавти онҳо рӯзи сафеди инсон ба шоми тори зулмот табдил меёбад. Моҳтоби зиндагии инсон танҳо фарзандон мебошанд, ки каме ҳам бошад тасаллои ғами аз даст додани волидон мегарданд.
Бо тамоми таҷрибаҳои зиндагие, ки инсонҳо доранду ҳолатҳои гуногуни зиндагиро аз сар гузарониданд, ғами ҳиҷрони модар ниҳоят гарону сахт аст. Албатта ғами ҳиҷрони падарон низ барои фарзандон сахту гарон аст. Вале аз кадом сабабе бошад, ки ҳамаи одамони калонсол чунин ақида доранд, ки меҳри модар бештар аз меҳри падар аст. Мумкин ин барои он бошад, ки падарон каме ҳам бошад дар зиндагӣ нисбат ба фарзандон сахтгир ҳастанд, вале ин ҳам барои дар роҳи зиндагӣ рост рафтани онҳо ва ба роҳи нодуруст нагаравидани онҳо мебошад. Ин тамоман маънои онро надорад, ки падарон фарзандони худро дӯст намедоранд. Модар дар аксар ҳолатҳо бо фарзандон дар хона ҳастанд ва ё вақти зиёдро бо фарзандон мегузаронанд, нисбат ба падарон, ки берун аз хона барои таъмини оила ба коре муддате банд мешаванд ва ё ба муҳоҷират ба кишвари дигаре мераванду барои таъмини оила ба корҳои ниҳоят мушкил ва хатарнок розӣ шуда кор мекунанд. Ҳатто ҳолатҳои ногувори фавти падарон дар ғарибӣ низ ба назар мерасад.
Ҳамаи ин тасвири кӯчаки зиндагиро барои фарзандон ва ҷигарбандони волидон, ки дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун таҳсил мекунанд, таҳия кардем, ки барои худ хулосае бароранду барои ҳурмати модарону падарон ва дигар мардуми калонсол ва таҷрибадор камари ҳиммат банданд.
Байдуллоев Аъзамҷон, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.