МАҚОМИ ЗАН ВА ЭҲТИРОМИ Ӯ ДАР ТАЪРИХИ БАШАРИЯТ

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст. Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо занони фаъолу эҷодкори мамлакат чунин иброз доштанд: “Давлате, ки нисбат ба модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”. Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳимми давлатиро амалӣ намуд, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши босазо доранд.

Зан агар оташ намешуд хом мемондем мо,

Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.

Зан агар моро намебахшид умри бардавом,

Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Хушбахтона, аз оғози соҳибистиқлолии кишвар бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат баланд бардоштани ҳуқуқи зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа буд. Ҷиҳати ҳалли ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешбарандаи рушди баробар ва одилонаро тавассути мустаҳкам кардани мавқеи зан бо меъёрҳои конститутсионӣ ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои соҳавӣ пеш гирифт. Ин барои баланд бардоштани ҳуқуқ ва мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон асос гардид.

Модар олиҳаи ҳусн ва зебоӣ, модар, ҷинси латифу ғамхор, поягузори оила ва насли инсоният дар ҳар давру замон мақоми хосаеро дар ҷомеа соҳиб буд. Ӯ ҳамчун зани сарвар, зани роҳбар, зани далеру ҷасур дар набардҳои мухталифи муборизаи ҳаёту марг, ватандориву диловарӣ ҳамеша дар талош баҳри осудагиву оромии оила ва ҷомеа баромад менамуд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ба дӯши кишварҳои мустақил, аз он ҷумла Тоҷикистон ҳалли масъалаи занон вогузошта шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин амалҳое, ки ба ташаккули нақши зан дар ҷомеа заминаро фароҳам овард, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» буд. Фармони мазкур дар таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид.

Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», аз 30 апрели соли 2004, ки мақсади беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шуда буд, нақши махсуси занро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин намуд.

Аз Паёми Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки «Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд. …дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд». Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардии онҳо» аз 22 августи соли 1997 рушди фаъолияти занонро таъмин сохта, нақши онро дар низоми ҷамъиятӣ мустаҳкам намуд.

Ҳамасола Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи мазкур дар Паёми худ баромад намуда, таъкид карданд, ки: «Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд».

Занҳо дар замони соҳибистиқлолӣ ба субъектони фаъоли ҳаёти сиёсӣ мубаддал гардиданд. Маҳз ин давра ба зани тоҷик имкон дод, ки дар соҳаҳои илму сиёсат ва иқтисодиёт заминаи комёбиҳои назаррасро соҳиб шавад. Ӯ тавонист, ки ба минталитети қафомондаи асримиёнагии баъзе аз тоифаҳои ҷомеа муқобил баромада, мақоми хешро дар партави тазодҳои гуногуни маънавӣ мустаҳкам созад. Дар корхонаҳо вазифаҳои роҳбарикунанда ва масъулиятнок дар уҳдаи занҳои русзабон буданд. Пайваста бо дастгирии давлат заминаҳои зиёде барои рушди занон дар даврони Истиқлол пайдо гардид.

Заҳмат ва кӯшишҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули мақоми зан дар ҷомеа, фароҳам овардани имкониятҳои амалигардии он ба занҳо шароитро баҳри ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда дар соҳаҳои гуногун муҳайё сохт.

Занҳо бо назардошти ҷонибдории Президенти кишвар ҳисси бовариро ба худ касб намуда, баҳри тайёр будан ба хизмати Тоҷикистони соҳибистиқлол ягонагии маънавиро изҳор намуданд.

Зан дар ин бобат аз як қисмати ғайрифаъоли ҷомеа, ки ба ғайр аз ҷаҳони оила чизеро намедонист, ба шахси обруманд ва роҳбари мушфиқу ғамхор ва серталаб мубаддал гардид. Албатта, ин бесабаб набуд. Пеш аз ҳама ба таҳсил ҷалб намудани духтарон, таъмин намудани квотаи президентӣ ба духтарони ноҳияҳои дурдаст ва камбизоат сафи мутахассисони заруриро дар ҷомеа зиёд намуд ва имконияти рушди ҳаёти арзандаро барои онҳо фароҳам овард. Зиёд шудани муассисаҳои томактабӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав ба занҳо имкон дод, ки онҳо баробари мардҳо ба буҷаи оила маблағҳои моддиро ворид созанд. Дар баробари ин, зан вазифаи воқеии худро аз даст надод. Ӯ чун ҳамеша модар ва нигаҳбони оила ва тарбиягари фарзандон боқӣ монд.

Хулоса, имрӯз занҳо аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар инкишофи пурпечутоби ҷомеа саҳмгузор шуданд. Ҷаҳони маънавии зан ба воситаи дастгирии Ҳукумат ва таъсиррасонии воситаҳои комуникасионӣ васеъ гардида, боварӣ ба қувваи худ бар дӯши ӯ изофа гардид. Шахсияти зан ва арзёбии комёбиҳои он аз ҷониби давлат ва ҳукумат баҳои сазоворро соҳиб шуд, ки самтҳои фаъолияти онро боз ҳам васеътар гардонид.

Зан тавонист, ки ҳунари худро ба фаъолияти ҷамъиятӣ мубаддал созад. Акнун чорабиниҳои ҷамъиятӣ бо иштироки занони ҳунарманд, аз ҷумлаи ҳунарҳои гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ, кадбонугӣ ва ғайра гузаронида мешавад ва ин машғулиятҳои судманд ба фаъолияти рӯзмарраи онҳо мубаддал гардидааст. Вобаста ба инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, корҳонаҳои мушаххаси занона, марказҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра дар ноҳияҳо, марказҳои маъмурӣ ва шаҳрҳо кушода шуданд, ки занҳоро ба кори ҷамъиятӣ ҷалб сохта, шумораи ҷойҳои кориро зиёд намуданд.

Набиев Сазовор, мудири кафедраи педагогика ва психологияи Коллеҷ.

Like0