Бо оғози эҳёи табиат, фасли зебои баҳор ва ҷашни бузурги Наврӯзи байналмилалӣ рост омадани Рӯзи модар рамзи бисёр неку фархунда мебошад. Зеро зан – модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад.
Қобили зикр аст, ки нақши модар ва қадру манзалати ӯ дар ҳаёти инсон аз ҷониби шоирону нависандагон ва олимону донишмандони халқу миллатҳои гуногуни олам хеле самимона тасвиру тависиф гардидааст. Аз ҷумла, яке аз бузургони олам дар васфи модар чунин гуфтааст: “Модар зеботарин калимаест, ки инсон ба забон овардааст. Модар ягона муъҷизаи табиат аст, ки ҳатто марг наметавонад моро аз ӯ ҷудо кунад. Қалби модар ҳудуди беинтиҳои меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва бахшидан аст”.
Бинобар ин, ҳар яки мо бар ивази шири сафеду ҷонбахш, аллаҳои пур аз умеду орзу, навозишу меҳрубонӣ ва насиҳату дуои модар аз ӯ як умр қарздорем. Ҳеҷ кадоме аз мо наметавонем, ки заҳмату бедорхобии ҳатто якшабаи модари худро ҷуброн кунем. Зеро модар мавҷуди муқаддастарин ва азизтарину бебаҳотарин барои инсон ва сазовору арзандаи ҳама гуна парастиш, дӯстдорӣ ва ғамхорӣ мебошад.
Боиси сарфарозии мост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ рисолати инсонофарию ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр менамоянд ва заҳмати фидокоронаи онҳоро дар ҳама соҳаҳо арҷ мегузоранд. Ба хотири он ки бонувон ояндасози ҷамъиятанд, барои беҳбудии кору рӯзгори онҳо чандин барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо рӯйи кор омаданд, ки самараи нек ба бор оварданд.Ин аст, ки бо ташаббусу иқдомҳои наҷибона ва ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони мо ҳамасола 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил мегардад.
Таърихи чандинҳазорсолаву пурғановати миллатамон шаҳодат медиҳад, ки модари тоҷик дар тули асрҳои зиёд садҳо ҳазор фарзандони бонангу номус, далеру шуҷоъ, оқилу хирадманд, содиқу фидокор ва номбардори асили миллатро ба дунё овардаву дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро барои хизмати шоиста ба халқу Ватан ҳидоят намудааст.
Ин падидаи нек аз насл ба насл идома ёфта, модарону бонувони бузурги мо тамоми меҳру муҳаббат ва ҳастии худро имрӯз низ ба сарҷамъиву ободии хонадон, тарбияи фарзандони соҳибмаърифату дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ сарф месозанд. Аз ин рӯ, нақш ва мақоми онҳо дар кишвари соҳибистиқлоли мо торафт баланд гардида, саҳмашон дар идоракунии давлат, пешрафти ҷомеа, бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат бисёр арзишманду муҳим арзёбӣ мегардад.
Ба ҷуз ин, имрӯз бонувони кишвари мо дар баробари мардон бо дарки баланди ватандорӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият намуда, дар рушд ва пешрафти кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари ин, давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба занону бонувони тоҷик ҳамчун неруи бузурги созанда такя намуда, ба хотири ҷалби ҳар чӣ бештари онҳо ба равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар тавассути тарбияи кадрҳои баландихтисос ва фаъолу ташаббускор тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Хулоса, бо боварии комил метавон гуфт, ки модарону бонувони муҳтарами мо дар оянда низ дар роҳи таълиму тарбияи насли солиму созанда, рушди давлату ҷомеа ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон содиқона саъю талош меварзанд.
Ҷиёнгул Қурбонова – ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ.