НАҚШИ ЗАН – МОДАР ДАР ҶОМЕА

Нақши занон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ муассир аст. Мо бояд ҳамеша ба модари худ, ба хоҳари худ, ба духтари худ меҳрубон бошем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Занро зиннати хона, устоди атфол ва муаллими наслҳо мегӯянд. Воқеан ҳам, агар зан дар оила бо ақлу бо фаросат, сариштакору озода бошад худрову атрофиёнашро аз ҳолатҳои ногувори зиндагӣ эмин нигоҳ медорад. Раванди тадбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа баррасиву ҳалли мушкилоти ҷойдошта пешгирии зуҳуроти номатлуб ва тадбирҷӯиҳои баҳри маърифатнокии бонувон чи ислоҳоти таҳавулоте ба миён овардааст. Дар ин росто шоире фармудааст:

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.

Агарчӣ аз занон пайғамбаре нест,

Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Оре, саодати зиндагӣ дар калимаи Зан – Модар нуҳуфтааст. Беҳуда нагуфтаанд Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Дар васфи Модар чӣ қадар шеъру таронаву суруд бихонем, бинависем кам аст, чунки олиҳаи ҳастӣ ҳамаи мавҷудоти рӯи замин, Зан – Модар аст. Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад модар. Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба иззати ин ганҷи бебаҳо расида метавонем. Гоҳ дар дарёи пуршуру ҷавонӣ ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромӯш месозем. Аммо баъд аз кирдори худ пушаймон гашта, ӯро намеёбем. Оре, давлати фарзанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибони олам симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, номашро то Моҳ баровардаанд. Модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд.

Модар барои ҳар як инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муққадастарин мафҳум яъне Ватанро ба Модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар як хонадон ганҷи бебаҳо ва фаришта барои фарзанд аст.

Модар он неъмати бузургест, ки кулли инсонҳо дар домони ӯ парвариш ёфта, аз меҳру муҳаббат, навозиш ва дӯстдориҳои ӯ бархӯрдор гаштаанд. Модари тоҷик барои ҳамаи мо Модар аст!

Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад. Дасти дуои модар калиди дари хушбахтии мост. Мо хуб медонем, ки нигоҳдоранда ва тараққидиҳандаи ҳунарҳои милливу мардумӣ маҳз модарону занону бонувони соҳибмаърифатамон мебошанд.

Мо – модарону бонувон минбаъд низ дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои пешбиникардаи давлату Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу соҳибмаърифат, ободии Ватан ва пешрафти давлат саҳми худро мегузорем.

Музаяна Мустафоева, мудири кафедраи забонҳои хориҷии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ.

Like0