Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафасӣ гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зан – Модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастияш нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан – модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад. Ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нустрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Беҳуда нагуфтаанд: “Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст”. Ва бо ҳамин маънӣ сарвари кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд: “Ҷомеае, ки ба зан – модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”. Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешии зани тоҷик ин аст калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳо.
Зан – Модар муқаддастарин мавҷудоти рӯи замин аст. Ӯ на танҳо офарандаи ҳаёт, балки асоси ҷомеа ва тарбиятгари наслҳои оянда мебошад. Аз қадимулайём ба Зан – Модар эҳтироми хосса гузошта мешуд ва дар тамоми тамаддунҳо ӯро ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва фидокорӣ медонистанд. Дар ҷомеаи муосир нақши Зан – Модар на танҳо ба доираи оила маҳдуд намешавад, балки вай ҳамчун шахсияти фаъол дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт – сиёсат, иқтисод, фарҳанг, илм ва маориф ширкат мекунанд. Бо вуҷуди пешрафти ҷомеа, масъалаи мавқеи зан дар ҷомеа ҳамеша мавриди баҳс ва таҳқиқ қарор дорад.
Аввалин ва муҳимтарин нақши Зан – Модар дар ҷомеа тарбият кардани фарзандон аст. Чунон ки мегӯянд: “Ҷомеаи солим аз оилаи солим оғоз меёбад.”. Воқеан ҳам, модар аввалин омӯзгори фарзанд аст. Ӯ ба кӯдак меҳру муҳаббат, ахлоқи нек, эҳтироми калонсолон ва дигар арзишҳои инсонӣ меомӯзонад. Модарон бо тарбияи дурусти фарзандон метавонанд ояндаи ҷомеаро тағйир диҳанд. Агар модар шахсияти босавод ва бедордил бошад, фарзандони ӯ низ дар оянда шахсони бомаърифат ва масъулиятшинос ба воя мерасанд. Занон на танҳо тарбиятгарони фарзандон, балки нигаҳдорандагони ахлоқ ва арзишҳои миллӣ низ ҳастанд. Дар ҳама давру замон модарон кӯшиш мекарданд, ки ахлоқи неки фарзандонашонро ташаккул диҳанд, онҳоро бо фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ошно созанд. Модарон ҳамеша бо муҳаббат ва сабру таҳаммул фарзандонро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунанд. Аз ин рӯ, нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа бебаҳост.
Хулоса, Зан – Модар сутуни асосии ҷомеа мебошад. Ӯ ҳамчун тарбиятгар, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи рушд ҳам дар оила ва ҳам дар ҷомеа мавқеи муҳим дорад. Барои пешрафти ҷомеа зарур аст, ки занон соҳиби ҳуқуқу имкониятҳои баробар бошанд ва нақши онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт қадр карда шавад. Танҳо бо эҳтиром ва дастгирии занон метавонем ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта бисозем.
Раҷабгул Абдуллоева, ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ.