Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон бузургии зан-модаррро чунин ташбеҳ доданд: “Давлате, ки нисбат ба модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ, бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳимми давлатиро амалӣ намуд, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши босазо доранд.
Хушбахтона, аз оғози соҳибистиқлолии кишвар бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат баланд бардоштани ҳуқуқи зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа буд. Ҷиҳати ҳалли ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешбарандаи рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳоро тавассути мустаҳкам кардани мавқеи зан бо меъёрҳои конститутсионӣ ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои соҳавӣ пеш гирифт. Ин барои баланд бардоштани ҳуқуқ ва мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон асос гардид.
Дар осори бузургони ҷаҳон низ нақши зан – модари диловару қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хоса дорад. Модар на танҳо ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти ӯ хислатҳои накутарини инсониро бо шири поки худ ҷой медиҳад. Бешубҳа, такя дар паҳлуи модар шоҳбайти китоби хотираҳои зиндагист.
Зан – Модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад.
Занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар руҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа мебошанд.
Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад.
Хулоса, зани тоҷик бо иффату зебоӣ, фурутаниву маърифатнокӣ зиндагии аҳли ҷомеаро таровату покизагӣ мебахшад. Ин аст, ки аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокии зан аҳаммияти хосса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд, то ҷаҳонро равшан гардонад.
Маҳваши Ғайратшо, коргузори факултети табиӣ риёзӣ, педагогика ва психологияи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ